Амирҳайдар Давлатов
Таърихи таваллуд: | 29 май 1938 |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 16 ноябр 1999 (61 сол) |
Касб: | ҳунарпешаи театр |
Амирҳайдар Давлатов (29 майи 1938, деҳаи Ёгед, ноҳияи Дарвоз, ВМКБ — 16 ноябри 1999, ҳамон ҷо) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1975).
Зтгдагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1964 Институти давлатии театрӣ-бадеии ба номи А. Островскийи шаҳри Тошкандро ба итмом расонда, ба сифати ҳунарпеша дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ фаъолияти эҷодиашро шурӯъ намуд.
Солҳои 1981—1984 мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Шуғнон ва аз соли 1985 то поёни умр дар театри номрафта заҳмат кашидааст.
Аз беҳтарин ҳунарпешагони ин театр маҳсуб меёфт, дар олами рангини санъати саҳнавӣ соҳиби ҷойгоҳ гардид, ба кашфи қуллаҳои эҷодӣ муваффақ шуд. «Найрангҳои Скапен», «Эзоп», «Қатрае аз баҳр», «Ашрофпараст», «Хонаи умед», «Ман, модаркалон, Илико ва Илларион», «Қишлоқи тиллоӣ», «Интиқом», «Гулҳои сиёҳ» барин зиёда аз шаст намоишнома гувоҳӣ доданд, ки нақшҳои драмавӣ, романтикӣ ва фоҷиавиро дар сатҳи баланд иҷро менамуд. Дар амри коргардонӣ низ истеъдодаш равшан ҳувайдо мегардид. Овози ширадораш барои хониши бадеӣ мусоидат мекард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.