Jump to content

Амирӣ (навъи харбуза)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Амирӣ — навъе аз харбузаҳои миёнсолӣ. Баъди 80 – 90 рӯзи кишт мепазад. Ҳосилаш дарозрӯя, вазнаш то 5 кг, пӯсташ бетӯри сабз, мағзаш сабзи сершира, хуштаъм, то 12% қанд дорад. Аз ҳар га то 300 сентнер ҳосил мегиранд. Асосан дар вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Хоразм, Суғд ва водии Вахш мекоранд. Барои дуру дароз нигоҳ доштан мувофиқ нест. Бештар ба касалии пажмурда ва ҷел гирифтор мешавад.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]