Амифос

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Амифос, C6H14NO3 — як навъ инсектоакарисид. Чун консентрати эмулсияи 40-фоиза истеҳсол мекунанд. Амифосро барои маҳви куяи лаблабуи қанд (ба ҳар га 0,6 – 0,8 кг), ширинчаи барги лаблабу (ба ҳар га 0,2 – 0,3 кг), кайки лаблабу (ба ҳар га 0,3 – 0,6 кг), инчунин барои нест кардани тортанаккана ба пахтазор (ба ҳар га 0,8 – 1 кг), канаи сурху нуқрагун, зиреҳакҳо, қалбакзиреҳакҳо ва дигар ҳашароти зараррасони дарахтони ситрусӣ (ба ҳар га 1,6 – 2,4 кг) ва кирминаи гардаи токзор (ба ҳар га 0,5 – 1,6 кг) мепошанд.

Барои ҳайвонот зарар дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]