Зиреҳакҳо
Зиреҳакҳо | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Diaspididae Targioni Tozzetti, 1868 | ||||||||||||
Триба | ||||||||||||
|
Зиреҳакҳо (лот. Diaspididae) — номи умумии як гурӯҳ ҳашароти зараррасони бутта ва дарахтони мева (себ, шафтолу, олуча, зардолу, гелос, тамашк ва ғайра). Мансуби оилаи нимдуруштболҳо буда, тақр. 2400 намуд доранд.
Рушду инкишофи ҳамаи зиреҳакҳо қариб ҳамгун аст. Кирминаҳои зиреҳакҳо беболу беҳаракат буда, зоҳиран ба пӯстлохреза, пуфакча ё зифти шахшудаи рустанӣ монандӣ доранд. Танаи зиреҳакҳо (0,8-2 мм) ба сар, сина ва шикам тақсим нашудааст. Зиреҳакҳо байзашакл ё кулӯла буда, пой ва мӯйлаб надоранд; ҷиҳози даҳони онҳо нағз инкишоф ёфтааст. Зиреҳакҳои нарина нисбат ба зиреҳакҳои модина хурд буда, бол, чашм, пой, мӯйлабча ва ҷиҳози даҳонии тахфифшуда доранд. Онҳо аз чанд соат то 2-3 рӯз умр дида, баъди ҷуфт шуданашон мемиранд. Аксар намуди зиреҳакҳо нарина надоранд ва ба таври партеногенезӣ (инкишофи тухм бидуни бордорӣ) афзоиш мекунанд. Зимистонро дар ҳолати тухм ё кирмина гузаронида, соле 1-3 бор насл медиҳанд. Модинаи зиреҳакҳо то 190 тухм гузошта, сипас нобуд мешавад. Давраи инкишофи тухми онҳо аз якчанд соат то чанд моҳ давом мекунад. Кирминаи зиреҳакҳо рӯзи дуюми аз тухм баромаданаш ба рустанӣ часпида, тадриҷан бо зиреҳаки ғафс фаро гирифта мешавад. Вай дар ҷараёни инкишофи худ ду бор тулак мекунад ва ба имаго (давраи охирини инкишофи зиреҳакҳо) табдил меёбад. Зиреҳакҳо қариб дар ҳамаи минтақаҳо дучор оянд ҳам, бештар дар маҳалҳои иқлимашон гарм афзоиш меёбанд. Бо ёрии шамол, об, ҳайвонот ва парандаҳо паҳн мешаванд. Дар Тоҷикистон зиреҳакҳои калифорнӣ, бунафш, олу, нохунакмонанд ва дурӯғини тӯронӣ вомехӯранд. Зиреҳаки калифорнӣ (Quadriaspidiotus perniciosus) тақр. ба 200 намуди рустанӣ осеб мерасонад. Ба тана, шоху навда, барг ва меваи дарахтон (себ, нок, олу, олуча, шафтолу, зардолу, гелос, чормағз, тамашк, рустаниҳои ороишӣ) часпида, шираи онҳоро мемакад. Зарди лимуранг ва зиреҳакаш хокистарии қаҳвагун аст. Модинааш зиндазой, соле 3-4 бор насл медиҳад. Зарари он ба навъҳои себи Розмарин, Пармени зарди зимистонӣ, Стар крипсон ва Голден делишес бештар аст. Зиреҳаки бунафш (Parlatoria oleae) асосан ба олу, олуча, себ, нок, шафтолу, шумтол, гул, инчунин рустаниҳои субтропикӣ зиён мерасонад. Он шираи рустаниҳоро макида, зуд афзоиш меёбад. Дар натиҷа рустанӣ хушк ва мева иллатӣ мешавад. Танаш кулӯла, дарозиаш 1-1,5 мм. Соле ду бор (январ-феврал; июн-июл) насл медиҳад. Зиреҳаки модина баъди тухм гузоштан мемирад. Як зиреҳаки модинаи насли тобистона то 70 тухм мегузорад. Кирминаҳо баъди аз тухм баромаданашон дар шохчаҳои тарак, навда, барг ё мева ҷойгир шуда, ду бор тулак мекунанд ва ба зиреҳаки болиғ табдил меёбанд. Дар сурати номусоид омадани обу ҳаво то 85 дарсади кирминаҳо маҳв мешаванд. Зиреҳаки осиёгии олу (Tecaspis asiatica) бештар ба дарахтони бодом, зардолу, сиёҳолу, олуболу, нок, биҳӣ ва ғ. зарар мерасонад. Асосан дар водии Ҳисор дучор меояд. Соле ду бор афзоиш мекунад. Модинаи он охирҳои апрел — аввалҳои май аз 67 то 199 тухм мегузорад. Тухмаш зарди дарозрӯя. Модинаҳои насли якум даҳаи сеюми июл, модинаҳои насли дуюм охирҳои август — аввалҳои сентябр пайдо мешаванд. Зиреҳаки нохунакмонанди себ (Lepidosaphes ulmi) дар ноҳияҳои Ҳисор, Вахш ва вилояти Суғд дучор меояд. Дар баробари дигар дарахтони мева ба дарахти себ низ осеби ҷиддӣ мерасонад. Баданаш нокмонанди сафед, зиреҳчааш хокистарранг (андозааш тақр. 4 мм). Инкишофи насли якуми он аввалҳои июн ба охир мерасад. Аз даҳаи дуюми июл кирминаҳои насли дуюм пайдо мешаванд. Зиреҳаки дурӯғини туронӣ (Rhodococcus turanicus) дар ноҳияҳои вилояти Суғд дучор омада, бештар ба зардолузорҳо зиён мерасонад. Ҳашароти хеле хавфнок аст. Осеби он ба дигар дарахтони меваи тухмдору донакдор низ кам нест. Модинааш то 1800—2000 тухм мегузорад. Кирминаҳо даҳаи дуюми май пайдо мешаванд. Соле як бор насл медиҳад.
Ҷиҳати мубориза бо зиреҳакҳо сари вақт бурида сӯзондани шохаҳои зарардида, дар фасли зимистон ба дарахтон пошидани ДНОК (динитроортокрезол) ва эмулсияҳои равғани нафт, дар давраи нашви рустаниҳо кор фармудани доруҳои Антио, Пиринекс, Ровикурт, Фуфанон ва ғ. муфид аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Султонова М. Х., Тошпулодов М. М., Солиҳов Ҷ. М. Касалиҳо ва зараррасонҳои дарахтони мевагии тухмакдор ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо. Д., 2008;
- Қаҳҳоров Қ. Ҳ., Амонов М. Ҳ. Тавсиянома доир ба мубориза зидди зараррасонҳои кишоварзӣ. Д., 2012.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — 648 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.