Аммофоска

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аммофоска — як навъ нурии минералӣ. Дар таркибаш 15 % N, 15 % P2O5, 15 % K2O, 1,2 % H2O мавҷуд аст. Аммофоска 45 % моддаҳои ғизоӣ дорад. Аз ин рӯ, амофоска аз ҷиҳати иқтисодӣ нисбатан камхарҷ аст. Онро барои парвариши картошка, марҷумак, зағир, лӯбиёгиҳо, тамоку, ток ва ғайра тавсия медиҳанд. Дар ҳама гуна хок истифода мешавад, хусусан барои гилхок, регхок ва хокҳои ботлоқӣ манфиатнок аст. Аммофоска нам намекашад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]