Амнияти иқтисодӣ
Амнияти иқтисодӣ — яке аз қисматҳои асосии амнияти миллии давлат. Аз дидгоҳи фарохтар, зери мафҳуми амнияти иқтисодӣ кифоятии таъминот мутобиқи сатҳи талаботи амнияти миллӣ бо захираҳои молиявӣ ва бештар захираҳои зурурии худӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиёт ва болобурди сатҳи рақобатпазирии мамлакат, ҳифозати манфиатҳои иқтисодии шахсӣ, ҷамъиятӣ, давлатӣ, аз таҳдидҳои дохилию хориҷӣ дар амон будан фаҳмида мешавад.
Амнияти иқтисодӣ бунёди амнияти миллист, ки бойгариҳои табиӣ, захираҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, амволи ғайриманқул, захираҳои моддӣ (молӣ), инсонӣ, сохторҳои хоҷагӣ, оила, шахсӣ ва амсоли инҳоро фарогир аст. Косташавии амнияти иқтисодӣ ба хоҷагии ҳар мамлакат таъсири манфӣ расонда, манфиатҳои иқтисодии шахс, ҷамъият ва давлатро маҳдуд месозад. Стратегияи амнияти иқтисодӣ бошад, шароитҳои мусоиди рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирӣ, инчунин ҳимояи манфиатҳои барои ҳаёт муҳимро аз хатарҳои дохилӣ ва берунӣ дар бахши иқтисодиёт таъмин менамояд. Фароҳам овардани чунин шарту шароитҳо барои ғанӣ гардидани буҷаи давлат, аз ҷумла барои таъмини захираҳои молиявӣ-иқтисодӣ, ки дараҷаи таъминоти зарурии амнияти миллиро дар бар мегирад, дар навбати аввал қобилияти мудофиавиро боътимод ва барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Таъмини амнияти иқтисодӣ аз рӯи хусусиятҳои худ вазифаи стратегӣ ва дарозмуддат мебошад.
Дар шароити ҳозира Стратегияи рушди иқтисодии ҷумҳурӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин амалӣ мегардад: Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010 – 12 (давраи 3-юм). Пайи ҳам ва аз рӯи нақша амалӣ гардидани мақсадҳои барномавӣ, ки аз ҳуҷҷатҳои мазкур бармеоянд, ба рушди босуботи иқтисодиёти кишвар дар давоми 10 соли охир мусоидат намуданд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) кишвар дар ин давра 2,2 маротиба афзуда, суръати болорафти миёнасолонаи он 8,3 фоизро ташкил дод. Сатҳи таваррум наздики 4 маротиба паст гардид. Қарзи берунии давлат, ки дар с. 2000-ум 108 фоизи ММД-ро ташкил медод, дар с. 2010 то андозаи 31, 5 фоиз кам гардид. Дастовардҳои мусбӣ дар сатҳи макроиқтисодӣ ба паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат намуданд, ки он аз 81 фоизи соли 1999 то ҳади 49,3 фоиз дар с. 2009 пойин рафт. Барои комёб шудан ба амнияти иқтисодии кишвар корҳои бисёреро бояд анҷом дод. Бахусус, се самти стратегии фаъолияти иқтисодии кишвар барои ояндаи наздик муайян карда шудаанд, ки дар мавриди ҳалли мусбии онҳо метавон дар ин ҷода ба амнияти иқтисодӣ-и комил муваффақ гашт: таъмини истиқлоли энергетикӣ, бехатарии хӯрокворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани ҷумҳурӣ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.