Амнияти миллӣ
Амнияти миллӣ — маҷмӯи андешаҳои расман қабулшуда ба мақсаду стратегияи давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз таҳдидҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, низомӣ, техногенӣ, экологӣ, иттилоотӣ, фарҳангӣ бо дарназардошти захираҳои мавҷудаи имкониятҳо.
Қобилият, истеъдод ва ҳунари миллат барои қонеъ гардондани талаботе, ки ҷиҳати худҳифозаткунӣ, худистеҳсолкунӣ, худтакмилдиҳӣ ва худтаҷдидкунӣ бо камтарин хисорот (зарарҳо) барои арзишҳои бунёдии ҳолати кунуниаш зарур мебошанд.
Бахшҳои амнияти миллӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Амнияти миллӣ чунин соҳаҳоро дар бар мегирад:
- амнияти давлатӣ – мафҳуме, ки дараҷаи ҳифзи давлатро аз хатароти дохилию хориҷӣ муайян месозад;
- амнияти ҷамъиятӣ – мафҳуме, ки дар он дараҷаи ҳимояи шахс ва ҷамъият ифода меёбад, ғолибан аз таҳдиди дохилии хусусияти умумихатаридошта;
- амнияти техногенӣ – дараҷаи ҳимоя аз хатарҳои дорои хусусияти техногенӣ;
- амнияти экологӣ – ҳимоя аз хатароти офатҳои табиӣ;
- амнияти иқтисодӣ;
- амнияти энергетикӣ;
- амнияти иттилоотӣ;
- амнияти фарҳангӣ;
- амнияти шахсият.
Таъмини амнияти миллӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Таъмини амнияти миллӣ – маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ, низомӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фароҳам овардани фаъолияти ҳаёти мӯътадили миллат, бартараф сохтани хатароти имконпазир равона шудаанд. Амнияти миллӣ ҳамчунин фарогири ҷанбаҳои зерин мебошад: ҳимояи сохти давлатӣ; ҳимояи сохти ҷамъиятӣ; таъмини дахлнопазирии ҳудудӣ ва истиқлол; таъмини мустақилияти сиёсӣ ва иқтисодии миллат; таъмини тандурустии миллат; ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ; мубориза бо ҷинояткорӣ; таъмини амнияти техногенӣ ва ҳимоя аз хатарҳои офати табиӣ. Таъмини амнияти миллӣ бо татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ, системаи иқтисодӣ, тадбирҳои инженерӣ-техникӣ, ҳаётии шахс, ҷамъият ва давлат ба даст оварда мешавад. Принсипҳои асосии таъмини амнияти миллӣ инҳоянд: қонуният, риояи мувозинаи манофеи ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат; масъулияти мутақобили шахс, ҷамъият ва давлат оид ба таъмини амният; якҷояшавӣ бо системаҳои байналмилалии амниятӣ. Барои муҳайё кардан ва нигаҳдории дараҷаи зарурии ҳифзи объектҳои амниятӣ дар ҳар як давлат системаи меъёрҳои ҳуқуқӣ таҳия мешаванд, ки муносибат дар соҳаи амниятро ба танзим медароранд. Самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатиро дар ин бахш муайян мекунанд, ба ташаккул ва азнавсозии мақомоти таъминкунандаи амният мусоидат намуда, фаъолияташонро зери назорат мегиранд.
Самтҳои амнияти миллии тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Амнияти миллӣ самтҳо ва принсипҳои муҳими сиёсати давлатиро инъикос менамояд. Усулҳои асосии он инҳоанд:
- риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузориҳои марбута ҳангоми амалисозии фаъолият оид ба таъмини амният;
- ягонагӣ, робитаи мутақобила ва дар мувозинат будани ҳамаи намудҳои амният;
- тағйири авлавияти онҳо вобаста ба вазъият;
- авлавияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотии чораҳои таъмини амният;
- риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунҳои Тоҷикистон ҳангоми иҷрои чораҳои иҷборӣ (аз ҷумла истифодаи нерӯҳои низомӣ);
- тавъамкунии идораи мутамарказонидаи нерӯҳо ва воситаҳои таъмини амният бо таҳвили қисми ваколат дар ин соҳа ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ.
Аслан амнияти миллиро артиш, хадамоти разведка ва контрразведка, идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти тиббӣ ва идораҳои масъули амсоли инҳо таъмин менамоянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.