Амнияти иҷтимоӣ
Амнияти иҷтимоӣ — қисми таркибии амнияти миллӣ, ки ҳолати шахсият, гурӯҳи иҷтимоӣ, ҳуқуқ ва озодии иҷтимоии ононро таъмин менамояд. Объекти доимии амнияти иҷтимоӣ маҷмӯан шахсияти воқеӣ, ҳуқуқҳо ва озодии ҳаётан муҳими ӯ дар партави ҳаёти ҷамъиятӣ буда, ба ӯ аз тарафи давлат имконияту замонат дода мешавад, ки зиндагӣ кунад, фаъолият намояд, ҳақи хидмат дарёфт кунад, худро маҷонан табобат кунад ва ройгон маълумоти таҳсилотӣ гирад, истироҳату фароғат намояд. Бахусус, дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои бозоргонӣ дар шароитҳои мушаххасу муайяне, ки як гурӯҳ ё табақаи аҳолии камбизоат ё нисбатан муфлис ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёзманданд, таъмини Амнияти иҷтимоии онҳо аз тарафи давлат воҷиб мебошад. Аксаран аз амнияти иҷтимоӣ занон, кӯдакон, маъюбон ва нафақагирҳо бархурдор бояд бошанд. Яке аз вазифаҳои амнияти иҷтимоӣ беҳтар намудани сифати зиндагӣ дар доираи ҷалб будан ба коре мебошад.
Дар таъмин намудани амнияти иҷтимоии аҳолӣ вазъи муҳити зист низ аҳамияти калон дорад; истиқрори экологӣ ва кам гардидани зарарҳои табиӣ хеле заруранд. Эҳсоси муфлисӣ дар муқобили ашхоси дорам низ аз нобаробарии иҷтимоӣ буда, ба ҳифозат ниёз дорад ва даромади воқеии аҳолию таъмин будан бо макони зист, нерӯи электрикӣ, газ ва дигар маводи сӯзишворию хӯрокворӣ аз ҷузвҳои амнияти иҷтимоӣ мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.