Амнияти энергетикӣ
Амнияти энергетикӣ — аз муҳимтарин рукнҳои бехатарии ҳар давлат. Ба мафҳуми нисбатан васеътар амнияти энергетикӣ вазъият ва ҳолате мебошад, ки шаҳрвандон ва дар умум давлат аз норасоии ҳама гуна нерӯҳои гармиву рӯшноидиҳанда танқисӣ накашида, аз ҳодисаҳои ғайричашмдошт ва номатлуби табиӣ, техногенӣ, маъмуриятчигӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, дохилӣ, хориҷӣ ва амсоли инҳо ҳифозат мешаванд. Дар замони мо муҳимият ва проблемаҳои амнияти энергетикӣ комилан ошкоранд. Садамаҳои бузурги руҳдодаи солҳои наздик, ки дар системаи энергетикии ИМА, Япония ва як қатор кишварҳои Европа, Африка, Осиё, Америкаи Ҷанубӣ ва Русия ба вуқӯъ омаданд, ҳушдор аз таъмини амнияти энергетикӣ аст. Дар 40 соли охири мавҷудияти системаи энергетикии дунё бештар аз 40 садамаи бузург рух додааст, ки аксари садамаҳо ба ИМА рост меоянд. Як сабаби рух додани чунин садамаҳоро агар мутахассисин дар шитобкории сохтмончиён дар бунёди нерӯгоҳҳои электрикӣ бубинанд, сабаби дигарашро аз имкониятҳои ин нерӯгоҳҳо аз ҳад зиёд истифода бурдани мизоҷонро медонанд. Маҳз ин ду омил метавонанд дер ё зуд боиси садама дар худи нерӯгоҳҳои электрикӣ ва симҳояшон гарданд.
Амнияти энергетикии Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз масъалаҳои ҳалношудаи амнияти энергетикӣ дар канор нест ва бахусус ба бунёди нерӯгоҳҳои электрикӣ аҳамияти вижа медиҳад, ҳарчанд бо итмоми сохтмони НБО-и «Сангтӯда-1» ва пайваст шудани он ба шабакаи ягонаи энергетикии кишвар ва бо анҷоми НБО-и «Сангтӯда-2» ҳам мушкилоти бо қувваи барқ пурра таъмин шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад. «Сангтӯда-2» нерӯгоҳи маҷроӣ буда, бе обанбори калон фаъолият хоҳад кард. Ин иншоот бо иқтидори лоиҳавии 220 МВт соат метавонад дар як сол 1 млрд кВт энергияи электрикӣ истеҳсол намуда, дар бартараф намудани мушкилоти энергетикии кишвар нақши муҳим бозад. Корҳои кашшофӣ дар мамлакат мавриди истеҳсоли газу нефт низ босуръат идома доранд. Бо ёрии Ширкати «Газпром»-и Русия корҳои пармакунӣ дар кони гази маҳаллаи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав (дек. 2010) шурӯъ шуданд. Ҳукумат бо ширкати вазорату идораҳои марбута, мақомоти иҷроияи маҳал-лии ҳокимияти давлатӣ дар давоми с-ҳои 2009 – 10 дар ноҳияҳои дурдас- ти кӯҳистон бештар аз 60 нерӯгоҳи хурд бунёд намуд. Шумораи умумии НБО-и хурд то 2010, ки аз ҳисоби буҷаи давлатӣ, грантҳо ва сармоягузорони ватанӣ сохта шудаанд, 232 ададро ташкил медиҳанд: дар вил. Хатлон – 18 (890 ҳазор кВт), вил. Суғд – 77 (3487, 5 ҳазор кВт), ВМКБ – 40 (5619 кВт), ноҳияҳои тобеи марказ – 97 (4848, 7 кВт). Дар давоми як соли 2010 дар ҷумҳурӣ 27 НБО-и хурд бунёд гардид, ки 14-тои он дар ноҳияҳои тобеи марказ, 11 адад дар вил. Суғд ва 2-тои дигар дар вил. Хатлон (бо иқтидори умумии 1149 кВт) бунёд шудаанд. Тайи с-ҳои 2010 – 11 дар манотиқи кишвар бояд 28 нерӯгоҳи хурд (бо иқтидори 11299 кВт) бунёд гардад ва алҳол сохтмони онҳо идома дорад. Барои таъмини амнияти энергетикии кишвар Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои электрикии хурду бузург ба сохтмони нерӯгоҳҳои бодӣ низ оғоз намудааст. Танҳо дар соли 2009 бунёди ҳамин гуна нерӯгоҳҳо дар ноҳияҳои Балҷувон, Фархор, Шӯрообод, Чкаловск шурӯъ гардид ва алҳол (2010) 80%-и корҳои сохтмонӣ дар онҳо ба анҷом расидааст. Инчунин, Маркази дуюми барқу гармидиҳии Душанбе дар нақшаи сохтан қарор дошта, то соли 2020-ум 60 нерӯгоҳи хурд бояд дар навоҳии дурдасти кӯҳистон бунёд гарданд. Барои рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ танҳо дар соли 2010-ум 1 млрд 100 млн сомонӣ ё 16%-и ҳаҷми умумии буҷет равона гардид, ки ин нисбат ба соли 2009-ум 181 млн сомонӣ ё 20% зиёд мебошад. Танҳо бо бунёди пурраи НБО-и «Роғун» кишварамон бо қувваи барқ пурра таъмин гардида, изофаи он ба хориҷ аз кишвар метавонад содир шавад. Ба ҳар ҳол тақозои амнияти энергетикӣ дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизот ва дигар иқдомҳою тадорукоти заруристанд, ки ҳамеша бояд мадди назар бошанд. Ин амалҳо аз рукнҳои муҳими таъмини амнияти энергетикӣ ба ҳисоб мераванд. Бо мақсади таъмини амнияти энергетикии мамлакат, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сохтмон ва бозсозии иншоотҳои электрикӣ, бахусус дар минтақаҳое, ки аз энергияи электрикӣ танқисӣ мекашанд, рушд ёбад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.