Амонуллоҳхон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Амонуллоҳхон
форсӣ: شاه امان‌الله خان
Амонуллоҳхон
Сурати шоҳ Амонуллоҳхон
парчам10-ум Амири Афғонистон
28 феврали 1919 — 9 июни 1926
Пешгузашта Насруллоҳхон
Ҷонишин унвон барҳам хурд
парчам1-ум Шоҳи Афғонистон
9 июни 1926 — 14 январи 1929
Пешгузашта унвон таъсис ёфт
Ҷонишин Иноятуллоҳхон

Таваллуд 1 июн 1892(1892-06-01)[1][2][3]
Даргузашт 25 апрел 1960(1960-04-25)[4][1][…] (67 сол)
Мадфан
Ҷинс

Боракзай[d]

Падар

Ҳабибуллоҳхон[d]

Ҳамсар

Сурайё Тарзӣ[d]

Эътиқод

Ислом ва суннӣ

Ҷоизаҳо
Order of the White Eagle Order of the Golden Spur Royal Victorian Chain
Commons-logo.svg Амонуллоҳхон дар Викианбор

Амануллоҳхон (форсӣ: شاه امان‌الله خان‎, 1 июн 1892, Пағмон, Аморати Афғонистон25 апрели 1960, Зюрих, Швейтсария) — ходими давлатӣ, подшоҳи Афғонистон (1919 – 1929), писари амир Ҳабибуллоҳхон.

Ҳукмронӣ[вироиш]

Ҳанӯз замони салтанати падараш узви ҷамъияти машрутахоҳон бо номи «Ихвони афғон» (машҳур ба «Ҷавонафғонон») гардид. 27 феврали 1919 баъди кушта шудани падараш Ҳабибуллоҳхон ба тахти подшоҳӣ нишаста, машрутахоҳонро ба вазифаҳои муҳими давлатӣ таъйин намуд.

Истиқлоли афғонистон[вироиш]

Амонуллоҳхон Афғонистонро пурра аз империяи Британия мустақил эълон кард, ки боиси сар задани ҷанги сеюми афғону англис гашт. Баъди Муоҳидаи сулҳ (18 августи 1919) Британия истиқлолияти Афғонистонро эътироф кард. 20 феврали 1919 Афғонистон давлати мустақил эълон эълон карда шуд. Истиқлолияти Афғонистонро қабл аз дигарон Русияи Советӣ пазируфт. 7 апрели 1919 Амонуллоҳхон бо мактуб ба В. И. Ленин муроҷиат карда, барои бо Русияи Советӣ бастани алоқаҳои дӯстона изҳори хоҳиш намуд. 27 майи 1919 бо имзои В. И. Ленин ва М. И. Калинин ҷавоби мактуби Амонуллоҳхон ба пойтахти Афғонистон – Кобул расид, ки дар он оид ба муқаррар намудани муносибатҳои ҳасанаи дипломатӣ байни ин ду давлат мувофиқа шуда буд ва 28 феврали 1921 дар Москва шартнома ба имзо расид. Дертар (1926) шартнома байни СССР ва Афғонистон дар бораи бетарафӣ ва ба ҳамдигар ҳуҷум накардан баста шуд. Дар натиҷа, соли 1929 Армияи Сурх барои пахш кардани исёни тарафдорони англисҳо ба Афғонистон ёрии худро расонд (ин дохилшавии якуми Армияи Сурх ба Афғонистон буд). Дар навбати худ ҷавобан ба ин мадад Афғонистон солҳои 20–30 асри 20 дар торумор намудани дастаҳои босмачиён дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна кумак карда, дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бетарафиро ишғол намуд.

Ҳаёти сиёси, иқтисодӣ ва маданӣ[вироиш]

Амонуллоҳхон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании Афғонистон ислоҳот гузаронд. Соли 1923 аввалин Конститутсияи мамлакат (Низомномаи асосии давлати олияи Афғонистон) қабул гардид, ки барои ба шоҳии машрута табдил додани кишвар замина гузошт. Бо мақсади таҳкими ҳокимияти марказӣ Амонуллоҳхон баъзе имтиёзҳои сиёсию иқтисодии хонҳо – пешвоёни қабоилро масдуд сохт. Андози натуралӣ ба андози пулӣ иваз шуда, ба рушди муносиботи молию пулӣ дар деҳот мусоидат намуд. Ғуломӣ бекор ва озодии шахсӣ эълон шуда, ҳама сокинони мамлакат сарфи назар аз миллат, нажод, мазҳаб, вазъияти иҷтимоӣ дар назди қонун баробар, молу мулкашон дахлнопазир гардид. Таълими ҳатмии ибтидоӣ дар соҳаи маориф ҷорӣ гашт. Дар натиҷа мавқеи рӯҳониён маҳдуд ва онҳо аз манбаъҳои даромад бенасиб монданд. Норозигӣ аз ислоҳот ба шӯришҳои зиддиҳукуматии қабоили паштун овард, ҳарчанд мавқеи сиёсию иқтисодии Афғонистон тақвият ёфт.

Аз декабри 1927 то июни 1928 Амонуллоҳхон дар сафари дарозмуддати хориҷӣ қарор дошта, аз Ҳиндустон, Миср, Италия, Франсия, Британияи Кабир, СССР, Туркия ва Эрон дидан кард. Баъди бозгашт дар Пағмон Луи Ҷиргаро даъват кард ва ба гузарондани як силсила ислоҳоти радикалии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва низомӣ даст зад, ки бо эътирози васеи табақаҳои гуногуни аҳолӣ рӯ ба рӯ шуд. Ноябри 1928 як қисми қабоили шарқӣ шӯриш бардошта, бекор намудани ислоҳоти ғайришаръиро талаб карданд.

Шикаст[вироиш]

Амонуллоҳхон хусусан дар натиҷаи шӯриши Бачаи Саққо соли1929 маҷбуран аз тахту тоҷ даст кашида, тарки ватан намуд. Дар Сюрихи Швейтсария фавтида, дар Ҷалолобод мадфун аст.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica
  2. 2.0 2.1 Munzinger Archiv — 1913.
  3. Энциклопедия Брокгауз
  4. Аманулла-хан // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #12012355X // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.

Пайвандҳо[вироиш]

Сарчашма[вироиш]