Амо Бекназаров
арманӣ. Համո Բեկնազարյան | |
| |
Таърихи таваллуд: | 31 май 1892[1][2][3] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 27 апрел 1965[4][2][3] (72 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | коргардони филм, ҳунарпешаи синамо, филмноманавис, нависанда |
Корнома: | аз 1914[2] |
Самт: | live action[d] |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0067384 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бекназаров Амо Иванович (номи хонаводагии ҳақиқӣ — Бекназарян[5][6]; арманӣ. Համո Բեկնազարյան; 1891—1965) — ҳунарпеша ва коргардони синамо, филмноманависи арманӣ, Ҳунарпешаи мардумии Арманистон (1935).
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Чун ҳунарпеша Бекназаров солҳои 1914—1921 дар филмҳои коргардонҳои рус асосан нақши аъёну ашроф ва «ошиқи салонӣ»-ро бозида, барои ташкил ва инкишофи кино дар Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷон саҳми калон гузоштааст. Коргардони аввалин филмҳои бадеӣ дар киностудияи навтаъсиси Арманистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон. Солҳои 1932—1935 дар киностудияи «Востоккино»-и Русия фаъолият намуда, аз ҳаёти мардуми Шарқи Дур филмҳо мебардорад. Беҳтарин филмҳои таҳиякардаи Бекназаров: «Падаркуш», «Ганҷи гумшуда», «Севил», «Игденбу», «Пэпо», «Зангизанбӯр», «Давидбек» ва ғайра.
Муаллифи биёр сенарияҳост, ки худ филмбардорӣ кардааст ё дигар коргардонҳо ба навор бардоштаанд. Дар филмҳояш асосан аз рӯзгори пешин ва ҳаёти муосири халқҳои Қафқоз образҳои барҷастаи инсонӣ таҷассум сохтааст. Бекназаров бо «Тоҷикфилм» ҳамкорӣ намуда, филми ҳуҷҷатии «Субтропикҳои Осиёи Миёна» (1953) ва филми бадеии «Насриддин дар Хуҷанд»-ро (1959, бо ҳамроҳии реж. Э. Карамян) таҳия кардааст.
Киностудияи «Арманфилм» соли 1966 ба номи Бекназарян гузошта шудааст.
Ҷоизаву орденҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи Мукофоти давлатии СССР (1941). Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», «Ситораи Сурх» сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 Армянская советская энциклопедия (арм.) / зери таҳрири Վ. Համբարձումյան, Կ. Խուդավերդյան — Հայկական հանրագիտարան հրատարակչություն, 1974.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Ով ով է. հայեր (арм.) / зери таҳрири Հ. Այվազյան — Երևան: Հայկական հանրագիտարան հրատարակչություն, 2005. — Ҷ. 1. — С. 225.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Бек-Назаров Амо Иванович в Большой советской энциклопедии Бойгонӣ шудааст 24 Декабри 2014 сол.
- ↑ Вельтман С. А., Бек-Назаров, М.-Л., 1937.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бекназаров Амо Иванович // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 31 май
- Зодагони соли 1892
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 27 апрел
- Даргузаштагони соли 1965
- Даргузаштагони Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени Ситораи Сурх
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Ҳунарпешаҳо аз рӯи алифбо
- Коргардонҳои синамо аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешаҳои Арманистон
- Коргардонҳои Арманистон