Амриддин Кабир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амриддин Кабир
Таърихи таваллуд 1 март 1958(1958-03-01) (66 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Октябр, вилояти Қурғонтеппа

Амриддин Кабиров (1 марти 1958, ноҳияи Октябр, вилояти Қурғонтеппа) — сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1991), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2009).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Қариб ду даҳсола дар Қирғизистон зист, он ҷо пайваста эҷод кард ва таронаҳои нав ба нав ба савғо овард, суруди тоҷикӣ дар сарзамини Манас танин андохт. Собит сохт, ки таронаю мусиқии асил марзу монеаҳои сиёсӣ, давлатӣ, иқтисодию иҷтимоиро намеписандад. Торҳоро дар хилқати садоҳои форам зери фармонаш мегирад, овозаш чун мӯидани раъде дилшикоф асту ба сони шибир-шибири якканавохти борон ҷонбахшо. Ин ҳамаро баъди шунидани таронаҳояш аз қабили «Бухоро», «Наврӯз», «Ҳар нафас», «Фидои онон», «Хирадманд», «Дилро ба ту додам», «Тамаъ», «Кӯҳистон», «Ба ҷаннат», «Ту ними ними манӣ», «Мавлои замон», «Дилам бар Рӯдакӣ сӯзад»,"Саҳрои гулпӯш", «Ҳастии бузургон», «Андешаҳо», «Ошиқон», «Тоҷикистон» метавон эҳсос кард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  • Шоистаи Равшан, Саидаҳмади Зардон. Оғозе, ки анҷом надорад = Начало, не имеющее конца, Бишкек, 2009 (ба тоҷикӣ ва русӣ).