Вилояти Қӯрғонтеппа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Вилояти Қурғонтеппа)
Вилояти Қӯрғонтеппа
Донистаниҳо
Кишвар : Иттиҳоди Шӯравӣ
Ҷумҳурӣ : ҶШС Тоҷикистон
Марказ: Қӯрғонтеппа
Замони таъсис : 7 январи 1944
апрели 1977
Замони барҳам хурдан: 23 январи 1947
2 декабри 1988
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 12 600 км²
Шумораи шаҳрҳо : 1
Шумораи шаҳракҳо : 13
Шумораи ноҳияҳо : 11
Мардум
Аҳолӣ (1987) : 982 000 кас
Забони расмӣ : русӣ, тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, ӯзбекӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа :
ISO-намоя :
Пешшумора :
Нишонии почта : 735140
Замон : UTC+5
Шумораи мошинҳо : ТД

Вилояти Қӯрғонтеппа (форсӣ: ولایت قرغان‌تپه‎) — воҳиди тақсимоти кишварӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон дар солҳои 19441947 ва 19731988 буд. Ин вилоят дар ҷануби кишвар, дар дараи рӯди Вахш ҷойгир буд.

Маркарзи идории вилоят шаҳри Қӯрғонтеппа буд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Вилояти Қӯрғонтеппа бори нахуст дар соли 1924 ташкил шуд ва то соли 1929 вуҷуд дошт, аммо дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1938 округи Қӯрғонтеппа барҳам дода шуд ва сарзамини он бахше аз вилояти Сталинобод шуд.

Дувум бор вилояти Қӯрғонтеппа бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 7 январи соли 1944 дар бахше аз сарзамини вилоятҳои Сталинобод ва Кӯлоб таъсис ёфт ва ноҳияҳои Ворошиловобод, Данғара, Даҳанакиик, Кагановичобод, Кировобод, Куйбышев, Қӯрғонтеппа, Микоянобод, Молотовобод, Октябр, Ҷиликӯл ва Шаҳритусро дар бар мегирифт.

Вилояти Қӯрғонтеппа бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 24 августи соли 1947 барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеи ниҳодҳои раҳбарии ҷумҳурӣ ва бахше аз вилояти Кӯлоб шуд.

Дар апрели соли 1977 вилояти Қӯрғонтеппа севум бор таъсис дода шуд ва то сентябри соли 1988 мавҷуд буд. 8 сентябри соли 1988 бо вилояти Кӯлоб муттаҳид карда шуд ва вилояти Хатлонро ташкил дод. 24 январи соли 1990 ба муддати кӯтоҳ вилояти Қӯрғонтеппа аз нав барқарор шуд. 2 декабри соли 1992 вилояти номбурда комилан аз байн рафт ва ба вилояти Хатлон дохил гардид.[1].


Бахшбандии вилояти Қӯрғонтеппа дар соли 1988[вироиш | вироиши манбаъ]

Ноҳияҳои вилояти Қӯрғонтеппа дар соли 1988[2]
Ноҳия Марказ
Шаҳри Қӯрғонтеппа
Вахш Вахш
Ёвон Ёвон
Илич Обикиик
Колхозобод Колхозобод
Коммунистӣ Октябр
Куйбишев Куйбишев
Қубодиён Қубодиён
Қумсангир Қумсангир
Панҷ Панҷ
Ҷиликӯл Ҷиликӯл
Шаҳритӯс Шаҳритӯс

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]