Jump to content

Амъақи Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амъақи Бухороӣ
Таърихи таваллуд: асри XI
Таърихи даргузашт: 1148
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Абунаҷиб Шиҳобуддин Амъақи Бухороӣ (? — тақр. 1147/48) — шоири форс-тоҷиқ. Шиҳобуддавла лақаби шоир, Амъақӣ тахаллуси уст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Замони зиндагиаш ба давраи салтанати Салҷуқиён (Султон Санҷар, 1118—1158) ва Қарохониён рост меояд. Шоир илмҳои давраашро аз худ карда, дар касби шоири то дарачаи «Амирушшуаро» расидааст.

Пас аз хатми таҳсил ва касби камол аз Бухоро ба Самарқанд рафт ва ба хидмати Қарахониён дохил шуд. Дар замони Хизрхони Иброҳим (ҳукмр. 1046/47 — 68) ба мақоми маликушшуароӣ расид. Бештар аз сад сол умр дидааст.

Ашъори Амъақи Бухороиро муҳаққиқи эронӣ Саид Нафисӣ ба шакли девон фароҳам овардааст, вале он девон номукаммал мебошад. Дар Теҳрон инчунин ду дастхати осори Амъақи Бухороӣ мавҷуд аст, ки Нафисӣ аз онҳо истифода набурдааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабӣ Амъақи Бухороӣ маснавие бо номи «Юсуф ва Зулайхо» доштааст. Аз девони таҳиякардаи Саид Нафисӣ бармеояд, ки Амъақи Бухороӣ дар анвои гуногуни шеър асарҳо эҷод кардааст, вале бештари осори ӯ аз қасида иборат аст. Зимни қасидаҳо ӯ ба маъалаҳои иҷтимоӣ, шикоят аз беадолатиҳо дар замона ва ғ. рӯй овардааст. Марсияҳо низ навиштааст. Амъақи Бухороӣ суханварест, ки бо истифода аз ташбеҳоти нозук, маҷозу истиора ва муболиға аз шоирони дигар фарқ мекунад.

Абёти зерин аз ӯянд:

Агар мӯре сухан гӯяд ва гар мӯе равон дорад,
Ман он мӯри сухангӯям, ман он мӯям, ки ҷон дорад.
Агар бо мӯю бо мӯре шабонрӯзе шавам ҳамроҳ,
На мӯр аз ман хабар ёбад, на мӯй аз ман нишон дорад.
Танам чун сояи мӯй аст, дилам чун дидаи мӯрон,
Зи ишқи ғолиямӯе, ки чун мӯрон миён дорад.
Ба ҷисми мӯй даргунҷам, зи бас сустӣ зи бас зорӣ,
Агар хоҳад маро мӯре ба чашми худ ниҳон дорад.
  • Девони Шиҳобуддин Амъақи Бухороӣ, Т., 1307 ҳ. ш.;
  • Амъақи Бухороӣ, Девон. Т., 1337 ҳ. ш.
  • Айнӣ С., Намунаи адабиёти тоҷик, Д., 2010;
  • Бертельс Е. Э., История персидско-таджикской литературы, М., 1960.