Амёбаҳо
Амёбаҳо | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Amoebidae.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Amoeba Ehrenberg, 1830 | ||||||||||
|
Амёбаҳо (лот. Amoeba, аз юн.-қад. ἀμοιβή — тағйирот) — як гурӯҳи содатаринҳо.
Ҳаёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Бештар дар обанборҳои ширин (бенамак), гоҳо дар хок сукунат ихтиёр мекунанд. Амёбаҳои паразит низ мавҷуданд. Андозаи амёбаҳо аз 50 мкм то 2 – 3 мм аст. Амёбаҳо шакли доимӣ надоранд. Амёбаҳо, ки ҷисмашон аз ситоплазма иборат аст, пойҳои қалбакӣ (псевдоподияҳо) дошта, онҳо вазифаи ҳаракат ва доштани ғизоро ба ҷо меоваранд. Ғизои амёбаҳо бактерияҳо, обсабзҳои майда, содатаринҳо ва ғ. мебошанд. Дар атрофи ғизо аз ситоплазма шираи махсус ҷудо мешавад, ки он вакуолаи ҳозимаро ба вуҷуд меоварад (андаруни он ғизо ҳазм шуда, ба ситоплазма заҳида мегузарад). Об ва маҳсули фаъолияти ҳаётиро вакуолаи кашишхӯранда ихроҷ менамояд. Амёбаҳо, одатан, як ядро (ҳаста) доранд, вале амёбаи Pelomyxa серядро аст. Бисёр амёбаҳо бо роҳи ғайриҷинсӣ (тақсимшавӣ) афзоиш мекунанд. Қабл аз тақсим шудани ҷисми амёбаҳо дар ядрои он раванди митоз ба амал меояд. Дар амёбаҳо афзоиши ҷинсӣ аҳёнан ба мушоҳида мерасад. Дар шароити номусоид (кам шудани ғизо, хунукӣ, хушк шудани обанборҳо ва ғайра) ҷисми амёбаҳо лунда ва сатҳи протоплазма ғафс гашта, он ҷилди муҳофиз ҳосил мекунад (яъне систа ба вуҷуд меояд). Амёбаҳое, ки дар обҳои ширин сукунат доранд, далели ифлос будани об маҳсуб мешаванд. Амёбаҳои паразит дар рӯдаи ҳайвоноти гуногун ва одам зиндагӣ мекунанд. Дар байни онҳо хусусан амёбаҳои исҳоли хунин (Entamoeba histolytica) хавфноканд. Онҳо бемории амёбиазро ба вуҷуд меоваранд, ки хеле вазнин аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.