Анабар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анабар
якут. Анаабыр
Мушаххасот
Тӯл 939 км
Ҳавза 100 000 км²
Сарфи об 498 м³/с
Ҷараёни об
Сарчашма  
  Баландӣ[?] баландтар аз 450 м
  Координатаҳо 69°26′39″ с. ш. 106°20′20″ в. д.HGЯO
Резишгоҳ Баҳри Лаптевҳо
  Мавқеъ халиҷи Анабар
  Баландӣ 0 м
  Координатаҳо 73°12′30″ с. ш. 113°33′25″ в. д.HGЯO
Мавқеъ
Системаи обӣ Баҳри Лаптевҳо

Кишвар Русия
Минтақа Ёқутистон
Рӯйхати оби Русия
18010000112117600037247
Рамзи ҳавза 18.01.00.001
Рамзи ТҲ 117603724
Ҷилди ТҲ 17 (нашр 6)[1]
Анабар (Русия)
резишгоҳ
— сарчашма, — резишгоҳ
Анабар
дар Викианбор

Анабар — дарё дар Ёқутистони Федератсияи Русия, дар шимолу шарқии Сибир. Аз пуштакӯҳи Анабар (паҳнкӯҳи Сибири Миёна) сар шуда (ин ҷойи болообаш Куонамкаи Калон ном гирифтааст), ба халиҷи Анабари Баҳри Лаптевҳо мерезад. Дарозиаш 939 км. Масоҳати ҳавзааш 100 ҳазор км2. Сарфи миёнаи обаш 610 м3/с.

Дар пастии Сибири Шимолӣ водии дарё хеле васеъ мешавад. Манбаи обаш барфу борон. Охири сентябр ях баста, аввали июн яхаш об мешавад. Шохобҳои асосиаш: Куонамкаи Хурд, Удя, Уэле, Суолама, Харабил. Поёнобаш киштигард аст. Дар ҳавзаи Анабар кӯлҳо бисёранд; конҳои алмос мавҷуданд, аз моҳӣ бой аст.

Маҳалҳои аҳолинишин: Саскилах, Юрюнг-Хая ва ғ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ресурсы поверхностных вод СССР: Гидрологическая изученность. Т. 17. Ленско-Индигирский район. Вып. 6. Р. Хатанга, Анабар и Оленёк / под ред. А. С. Шароглазова. — Л.: Гидрометеоиздат, 1964. — 222 с.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]