Jump to content

Анабиоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Анабио́з (аз юн.-қад. ἀνα-βίωσις, ἀνα-βίωσεως «бозгашт ба зиндагӣ, ҷоннок шудан» ← ἀνᾰ- пешванд ба маънои дубора + юн.-қад. βίωσις, βίωσεως «ҳаёт»)[1] — вазъи организм, ки дар мавриди он ҷараёни ҳаёт ниҳоят суст ва ҳама гуна нишонаҳои зиндагӣ қариб нест мешаванд.

Анабиоз бинобар тағйирёбии шароити ҳаёт (ниҳоят гарм ё хунук шудани ҳарор. муҳит, норасоии намӣ ва ғайра) ба вуҷуд меояд ва баъди мусоид шудани он барҳам хӯрда, нишонаҳои зиндагӣ барқарор мегарданд. Соли 1701 олими голландӣ анабиоз Левенгук муддати зиёд қобили ҳаёт будани кирми коловраткаи дар рег хушкшударо ошкор кард.

Олими немис В. Прейер соли 1873 хосияти биологии кирми коловратка ва лӯндакирмҳоро омӯхта, истилоҳи «анабиоз»-ро пешниҳод намуд. Ҳангоми анабиоз дар натиҷаи хушкидан, ях кардан ё зиёд шудани миқдори намакҳои муҳит намии протоплазмаи бофтаҳо кам мегардад. Муддати мадид маҳфуз мондани қобилияти сабзиши тухмии хушконида натиҷаи анабиоз аст. Соли 1922 олими рус П. Ю. Шмидт ва соли 1923 олими австриягӣ Г. Рам ҳаёти коловратка ва лӯндакирмҳои ушнаро омӯхта, ба хулоса омаданд, ки мавҷудоти дараҷаи паст баъди муддати зиёд дар ҷойи беҳаво хушк нигоҳ доштан ҳам зинда мемондаанд. Коловратка ва лӯндакирмҳо ҳатто ҳангоми ба ҳавои моеи то 190°, гидрогени моеи то 253° ва гелийи моеи то 271°С хунук андохтан низ қобили зиндагӣ буданд. П. И. Бахметев (1900, 1912) муқаррар кард, ки ҳашароти аз хунукӣ ба ҳолати анабиоз афтодаро ҳамон вақт ҷоннок гардондан мумкин аст, ки агар моеи бофтаҳои он пурра ях набаста бошад. Кӯшишҳои бо роҳи яхбандонӣ дар ҳайвоноти муҳрадор ба амал овардани анабиоз то ҳол натиҷае ба бор наовардааст. Аз ин рӯ ақидаҳои ҷойдоштае, ки гӯё қобилияти ҳаёти моҳӣ, обхокиҳо ва дигар ҷонварони муҳрадорро дар натиҷаи ях кунондан нигоҳ доштан мумкин аст, беасос баромаданд. Соли 1934 Н. И. Калабухов ва Г. В. Николский исбот намудаанд, ки моҳии яхкунондаро ҳамон вақт аз нав зинда кардан мумкин аст, ки агар фақат пӯст ва қабати болои мушакҳояш ях баста бошад. Ҳангоми хушкондан ё ях кунондан анабиоз ҳамон вақт ба амал меояд, ки агар коҳиши оби организм сабаби ихтилоли робитаи байнимолекулавии сафедаҳо нагардад.

Анабиоз дар амалияи тиб ва ветеринария аҳамияти калон дорад. Мас., дар натиҷаи анабиоз нутфаи ҳайвонотро муддати зиёд бетағйир нигоҳ доштан мумкин аст. Соли 1950 И. В. Смирнов бо нутфаи харгӯше, ки 32 шаборӯз дар сармо (78° — 183°С) нигоҳ дошта шуда буд, харгӯши дигарро бордор кард. Харгӯшбачаҳои таваллудшуда мисли харгӯшчаҳои муқаррарӣ солиму бардам буданд. Ӯ бо ҳамин усул баррачаҳоро низ рӯёндааст. Дар шароити беҳаво ях кунонида муддати зиёд нигоҳ доштани бактерия ва вирусҳо аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ дорад. Усули мазкур хусусан барои тайёр кардани ваксинаҳои хушки микробӣ ва вирусии зинда, ки барои моягузаронӣ (бо мақсади пешгирии бемориҳои гузаранда) истифода мешаванд, муфид аст. Ваксинаҳои хушк нисбатан масуниятовар ва барои нигоҳдорӣ устуворанд.

Анабиоз мутобиқати физиологии организм ба шароити номусоиди зиндагӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулот ба вуқӯъ меояд. Дар давраҳои муайяни инкишоф муваққатан дар ҳолати анабиоз нигоҳ доштани баъзе мавҷудоти бемуҳра (мас., тухм ё зочаи кирмаки абрешим, ҳашароти дарандае, ки зараррасонҳои кишоварзиро нест мекунанд) аҳамияти калон дорад. Анабиоз аз хоби зимистона фарқ мекунад (ҳангоми хоби зимистона кори дил ва нафасгирии ҳайвонот қатъ намегардад).

Логотипи Викилуғат
Логотипи Викилуғат
Викилуғат дорои мақола бо номи «анабиоз» аст