Анатолий Гурский
Таърихи таваллуд | 22 апрел (5 май) 1906 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 19 август 1967 (61 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология[d][1] |
Роҳбари илмӣ | Николай Иванович Вавилов |
Ҷоизаҳо |
Анатолий Валерянович Гурский (22 апрел [5 май] 1906, Okhtyrka[d], Kharkov Governorate[d] — 19 август 1967, Маскав) — гиёҳшинос, доктори илмҳои биология (1951), профессор (1952).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди хатми Институти кишоварзии Харков (1926) дар Институти умумииттифоқии рустанипарварӣ кор кардааст (то 1939). Асосгузор ва директори Боғи ботаникии Помир (1940-65) ва мудири кафедраи ботаникаи умумии Институти техникаи ҷангали Маскав (1965-67). Дар бораи экология, дарахтшиносӣ (дендрология), боғдорӣ ва ба шароити маҳал мутобиқ гардондани рустаниҳо беш аз 70 таълифи илмӣ дорад. Анатолий Гурский дар ноҳияҳои кӯҳӣ асоси назарии интродуксия, хусусиятҳои рушди рустанӣ ва ба рустанӣ таъсир расондани афканишоти ултрабунафшро муқаррар намуд. Ӯ олами набототи Осиёи Марказӣ, Қафқози Шимолӣ, Шарқи Дур ва ғ.-ро омӯхта, баъзе сабзавоту меваҳо (пиёз, сабзӣ, картошка, ҷуворӣ, зардолу, себ, анҷир, анор, ангур ва ғ.)-ро ба шароити Помир мутобиқ гардонд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени «Нишонаи Фахрӣ» сарфароз гардидааст. Боғи ботаникии Помир номи Анатолий Гурскийро дорад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дикорастущие и культурные древесные растения Советского Бадахшана, // Тр. Таджикского фил. АН СССР. Т. 18. 1951;
- Озеленение городов и посёлков Таджикистана, // Тр. АН Тадж. ССР. Т. 14. 1953 (ҳамроҳи В. И. Запрягаева ва диг.);
- Основные итоги интродукции древесных растений в СССР. М. — Л., 1957;
- Землепользование и сельскохозяйственные культуры Горно-Бадахшанской автономной области Таджикской ССР. М., 1964.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Иконников С. С. Вклад петербургских и ленинградских ботаников и географов в изучение природы Памира, A Contribution by Botanists and Geographers of Petersburg-Leningrad to the Study of the Pamir’s Nature (рус.) // Историко-биологические исследования — 2013. — Т. 5, вып. 2. — С. 28—43. — ISSN 2076-8176; 2500-1221
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гурский Анатолий Валерянович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 5 май
- Зодагони соли 1906
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 19 август
- Даргузаштагони соли 1967
- Даргузаштагони Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ