Гиёҳшиносӣ
Гиёҳшиносӣ ё бота́ника (юн.-қад. βοτανικός — «иртибот бо рустанӣ», от βοτάνη — «сабза, гиёҳ, рустанӣ») — маҷмӯи илмҳо дар бораи наботот. Сохт, афзоиш, инкишоф, густариш ва таoаввулу таснифи рустаниҳоро меомузад. Морфология, анатомия, ситология, гистология, эмбриология, физиология, экология, геоботаника, география, палеоботаника, систематика ва биохимияи рустаниҳоро дар бар мегирад. Ба илмҳои зерин ҷудо мешавад: алгология, микология, лихнология, бриология, микробиология, фитопатология ва ғайра; бо бисёр илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла физика, кимиё, кибернетика, геология, география, тиб алоқаи ногусастанӣ дорад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалин маълумот оид ба рустаниҳо аз навиштаҷоти хаттии Мисри Қадим бармеоянд. Ботаника ҳамчун илм дар асарҳои файласуфи Юнони Қадим Арасту низ зикр шудааст. Шогирди Арасту — Теофраст дар китоби «Таҳқиқот дар бораи рустаниҳо» оид ба Ботаника маълумоти муфассалу ҷолиб оварда, баъзе масъалаҳои Ботаника (масалан, тарзи ғизогирӣ, сабзиш ва афзоиши рустанӣ, умумият на тафовути байни рустанӣ ва ҳайвонот)-ро шарҳ медиҳад ва бори аввал рустаниҳоро ба дарахт, бутта, гиёҳ, алафҳоро ба яксола, дусола ва бисёрсола ҷудо мекунад.
Дар аcрҳои миёна инкишофи Ботаника мисли илмҳои дигар, суст шуд. Тараққиёти Ботаника охири садаи XV хеле суръат гирифт. Дар садаи XVI оид ба рустаниҳо (хусусан гуногунии онҳо) маълумоти фаровон ҷамъ омад. Соли 1590 микроскоп ихтироъ шуд, ки барои таҳқиқи сохти дохилии рустаниҳо имкон фароҳам овард. Соли 1665 Р. Гук ҳуҷайраро кашф намуд. Солҳои 1675—1679 асари олими итолиёӣ Малпиги «Анатомияи рустанӣ», соли 1682 бо ҳамин унвон китоби олими англис Грю аз чоп баромаданд.
Дар таснифи рустаниҳо табиатшиноси швед К. Линней саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ рустаниҳоро ба 24 синф ҷудо ва барои онҳо номгузории дучандаро пешниҳод намуд. Дар ҷараёни рушди Ботаника боғҳои ботаникӣ бунёд гаштанд. Аввалин боғи ботаникӣ дар Итолиё (1309) таъсис ёфт. Дар он рустаниҳои доруию хушбӯй парвариш ва омӯхта мешуданд. Боғҳои дигар дар Венетсия (1333), Маскав (1707), Ялта (1812) бунёд гардиданд. Дар пешрафти Ботаника саҳми олимони фаронсавӣ М. Адансон ва А. Жюсе низ бузург аст. Онҳо рустаниҳоро аз рӯйи аломатҳои гул, мева ва тухм муттаҳид намуда, «Таснифоти табиӣ»-ро ба вуҷуд оварданд. Шоир ва табиатшиноси олмонӣ И. В. Ҳёте бо таълимоти худ оид ба метаморфоз (1790) ба илми морфологияи рустаниҳо асос гузошт. Дар бобати ошкор намудан ва пайдоиши рустаниҳо саҳми Ж. Б. Ламарк ва Ч. Дарвин хеле бузург аст. Дар охири садаи XIX ва аввали садаи XX олимони рус И. Н. Гороэканин, М. С. Воронин, В. И. Палладин, С. В. Навашин оид ба Ботаника як силсила пажӯҳиши ҷолиб анҷом доданд. Дар ривоҷу равнақи баъдии Ботаника саҳми К. А. Тимирязев, И. В. Мичурин, И. В. Вавилов ва дигарон низ назаррас аст.
Дар дунё зиёда аз 500 ҳазор намуди рустанӣ вуҷуд дорад, ки ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: автотрофӣ — рустаниҳое, ки аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаҳои органикӣ тайёр мекунанд (масалан, рустаниҳои сабз, ки аз се ду ҳиссаи олами набототро ташкил медиҳанд) ва гетеротрофӣ — рустаниҳое, ки ғизояшон моддаҳои органикии тайёр аст (масалан, занбурӯғҳо, бактерияҳо ва ғайра).
Таҳқиқоти ботаникӣ дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Таҳқиқоти ботаникӣ дар Тоҷикистон таърихи қадимӣ дорад. Хусусиятҳои баъзе рустаниҳо (масалан, хома, мехак, садбарг) дар китоби Авесто зикр ёфтаанд. Абуҳанифаи Диноварӣ дар «Китоб фи-н-набот» ном асари худ (солҳои 850—855 ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф ёфтааст) роҷеъ ба дарёфту парвариши 482 навъи рустанӣ маълумоти муфассал додааст. Дар китоб зиёда аз 50 намуди рустаниҳое қайд шудаанд, ки ба набототшиносони Юнони Қадим маълум набуданд (масалан, тамри ҳиндӣ, танбул, дафна ва ғайра). Закариёи Розӣ дар «ал-Ҳовӣ» бисёр рустаниҳои шифобахши замони худро қайд кардааст. «Комилу-с-синоат»-и Алӣ ибни Аббоси Маҷусии Аҳвозӣ (вафот 994) ва «ал-Миа-фӣ-синоату-т-тиббия»-и Абусаҳли Масеҳии Ҷурҷонӣ (яке аз устодони Абуалии Сино) низ оид ба бисёр намудҳои рустанӣ маълумоти муфид доранд. Абумансур Муваффақи Ҳиравӣ дар «Китобу-л-абния ан ҳақоиқи-л-адвия» (соли таълифаш 977 милод) тақрибан 500 намуди рустаниҳоро шарҳ додааст.
Дар пешрафти илми ботаникаи тоҷик «Китобу-с-сайдана фӣ-т-тиб»-и Абурайҳони Берунӣ аҳаммияти бузург дошта, муаллифи он дар дақиқу возеҳ намудани номи рустаниҳо кори бузургеро ба анҷом расондааст. Яъне, дар хусуси 750 намуди рустанӣ маълумот дода, номи ҳар якашонро ба забонҳои гуногун қайд кардааст. Масалан, дар мавриди шарҳи «бутм» ном рустанӣ қайд мекунад, ки «…арабҳо онро бутмаҳ хонанд, румиҳо оқуқус ва ё таросонус, сурёниҳо бутмо, ба забони форсӣ кинбаҳн ва аҳли Хуросон хинҷак, сиҷзиҳо (мардуми Сиҷистон) кинбашак ва аҳли Нишопуру Қоин нанкиш ва аҳли Мукрону Қаздор гулангур хонанд…».
«Ал-Қонун фи-т-тиб»-и табиб ва донишманди бузурги тоҷик Абуалии Сино дар бораи кулли рустаниҳои шифобахш, ки то замони ӯ маълум буданд, маълумот медиҳад. Шайхурраис дар ин китоб зиёда аз 1000 намуди рустаниро тавсиф кардааст, ки тақрибан 200 намуди онҳо дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон месабзанд (масалан, тархун, ҳазорҷӯшон, заъфарон, кавар, савринҷон, шавкарон, савсан, карафс, ҳулба ва ғайра). Шоҳасари Абуиброҳим Исмоили Ҷурҷонӣ «Захираи Хоразмшоҳӣ» иборат аз 10 китоб, инчунин «Ихтиёроти бадеӣ», «Тибби Юсуфӣ», «Тибби Акбарӣ», «Дастуру-л-илоҷ», «Кифояи Мансурӣ» ва ғайра доир ба рустаниҳо маълумоти фаровон доранд.
Дар ҷумҳурӣ пажӯҳишҳои ботаникӣ, асосан баъди дар назди Базаи тоҷикистони АИ ИҶШС таъсис ёфтани шуъбаи ботаника (1932) ривоҷ ёфтанд. Гурӯҳи геоботаникҳо, ки ба омӯзиши набототи Тоҷикистони Марказӣ машғул буданд, харитаҳои геоботаникӣ тартиб доданд. Бо ташаббуси В. А. Комаров Стансияи ботаникии кӯҳии Варзоб (1935) таъсис ёфт, ки масъалаи бунёди боғҳои лалмӣ (дар қаторкӯҳҳои Ҳисор) мавзӯи таҳқиқаш қарор гирифт. Соли 1938 Стансияи биологии Помир ба ихтиёри Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС гузашта, дар он оид ба физиология, морфология ва биохимияи рустанӣ пажӯҳишҳои муҳим анҷом дода шуданд. Соли 1940 Боғи ботаникии Помир бунёд гашта, кормандони он дар бобати омӯхтани рустаниҳои маҳаллӣ ва ба шароити ВМКБ мутобиқ гардонидани рустаниҳои мавзеъҳои дигар саҳми арзанда гузоштанд. Чунин боғҳои ботаникӣ минбаъд дар Хуҷанд, Кулоб ва ғайра низ таъсис ёфтанд. Соли 1941 шуъбаи ботаникаи Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС ба Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон (ҳозира Институти ботаника, физиология ва биофизикаи растанӣ) табдил дода шуд. Олимони Институти ботаника оид ба наботот ва зироати хӯроки чорво дар Рангон, Полвонтӯғай, Қубодиён, Шаҳристон, Анзоб ва ғайра таҳқиқот анҷом доданд. Дар Институти мазкур зиёда аз 130 ҳазор намуди рустании гулдор, қариб 40 ҳазор намуд рустании спорадори Осиёи Марказӣ ҷамъоварӣ (гербария) карда шудаанд. Дар рушди ботаника дар ҷумҳурӣ П. Н. Овчинников, Ю. С. Носиров, X. Ҳ. Каримов, М.Р. Расулова, В. И. Запрягаева, X. Юсуфбеков, М. Исмоилов, Ҳ.Ҳ. Ҳисориев ва дигар саҳми арзанда гузоштанд. Олимони ҷумҳурӣ оид ба омӯзиши олами набототи олиташаккул ва дараҷаи паст, экология, ҷуғрофия ва фитографияи рустанӣ, сабзкорӣ, ҷангалдорӣ, беҳтар намудани захираи хӯроки чорво, омӯзиши рустаниҳои доруӣ, биохимияи рустаниҳо ва ғайра таҳқиқот мекунанд. Бо саъю кушиши онҳо китоби «Флора Таджиксой ССР» (иборат аз 10 ҷилд) ба табъ расида, таҳқиқоти илмӣ дар кафедраҳои ботаникаи ДМТ, ДДОД, ДАТ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд босамар идома доранд. Дар боғҳои ботаникии ҷумҳурӣ рустаниҳои гуногун парвариш меёбанд. Мақолаҳои илмии ботаникӣ дар «Маърӯзаҳои АИ Чумҳурии Тоҷикистон», «Ахбороти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар нашрияҳо муттасил чоп мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Базилевская Н. А., Белоконь И. П., Щербакова А. А. Краткая история ботаники. Москва, 1968; Овчинников П. И., Юнусов С. Ю. Некоторые проблемы ботаники. Наука Советского Таджикистана. Душанбе, 1974; Жизнь растений. Т 1-6. №, 1974—1982; Хржановский В. Г. Курс общей ботаники. Ҷ 1-2. Москва. 1982; Жуковский П. М. Ботаника. Москва, 1982; Муваффақ Абумансур. Гиёҳнома. Душанбе, 1992; Ғафурова М. X., Бобоҷонов В. А., Ҷумъаев К. У. Ботаника. Душанбе, 2009.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — 676 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.