Амбун
Зоҳир
(Тағйири масир аз Анбон)
Амбун — ченаки асосии вазн ва масоҳати Помири Ғарбии асрҳои миёна.
Маълумот
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар аввали садаи XIX амбун дар Рӯшон баробари 4 кафч, ё 24 растай, ё 1 вилоғ (78 — 79 кг) баробар буд. Пас аз ҳамроҳ шудани Помир ба Русия, барои мутобиқгардонии ченакҳои маҳаллӣ бо русӣ ва ҷиҳати рушди савдо, амбунро сунъӣ ба 6 пуди русӣ (96—98 кг) баробар карданд. Дар Шуғнон амбунро аз 96 то 144 кг қимат дошт. Баъзе муҳаққиқон амбунро баробари 80 кг муайян кардаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амбун // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.