Анвар Ваҳҳобов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анвар Ваҳҳобов
Таърихи таваллуд 19 декабр 1936(1936-12-19)
Зодгоҳ Хуҷанд
Таърихи даргузашт 15 сентябр 2005(2005-09-15) (68 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Фазои илмӣ физик, шимӣ

Анвар Ваҳҳобов (19 декабри 1936, Хуҷанд 15 сентябри 2005, Душанбе) — физикдон, шимидон ва филиззшиноси тоҷик, доктори илмҳои техникӣ (1982), профессор (1982), барандаи Мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника (1987).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз хатми Институти политехникии ба номи М. И. Калинини шаҳри Ленинград (1960, ҳоло Санкт-Петербург) дар Заводи автомобили ба номи И. А. Лихачёви шаҳри Маскав (ЗИЛ) ба ҳайси муҳандис-технолог кор кардааст. Солҳои 1961-62 ходими хурди илмии Институти умумииттифоқии таҳқиқоти илмии манбаи ҷараёни Маскав, солҳои 1962-65 аспиранти Институти пӯлод ва хӯлаҳои Маскав буд. Солҳои 1965-89 ходими хурди илмӣ, ходими калониилмӣ ва мудири лабораторияи Институти кимиёи ба номи Анвар Ваҳҳобов М. Никитини АИ ҶШС Тоҷикистон, 1990-91 ректори Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло ДТТ ба номи М. Осимӣ), 1992-96 президенти Академияи муҳандисии Тоҷикистон, 1996—2004 мудири кафедраи шуъба (филиал)-и Институти энергетикии Маскав дар ш. Волжск.

Пажӯҳишҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳқиқоти Анвар Ваҳҳобов ба омӯзиши хосиятҳои физикию кимиёии филиззҳои ниҳоят холис ва хӯлаҳои дақиқ бахшида шудаанд. Таҳти роҳбарии ӯ бори нахуст дар ИҶШС калсий, стронсий, барий ва алюминий дар намуди холис ба даст оварда шуда, истеҳсоли саноатии алюминийи холис шурӯъ гардид. Анвар Ваҳҳобов диаграммаҳои ҳолати низоми ду ва сеҷузваи стронсий, барий, алюминийро бо дигар аносири Ҷадвали даврии унсурҳои Менделеев тартиб додааст, ки барои ба вуҷуд овардани хӯлаҳои гуногунхосият заминаи илмӣ гузоштанд. Анвар Ваҳҳобов муаллифи зиёда аз 300 асари илмӣ, 76 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 4 монография мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 32 нафар рисолаҳои номзадию докторӣ дифоъ намудаанд.

Ӯ узви шӯроҳои диссертатсионии Руссия ва Тоҷикистон, роҳбари Ҷамъияти хадамоти ҷумҳуриявӣ оид ба муҳофизати филиззот аз зангзанӣ, Шӯрои Президиуми Академияи байналхалқии муҳандисӣ ва Ассотсиатсияи муассисаҳои муҳандисии кишварҳои исломӣ буд.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени «Нишони фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Модифицирование силуминов стронцием (ҳаммуаллиф). Минск, 1985;
  • Высокочистый алюминий и его сплавы (ҳаммуаллиф). Ч. 1, Д., 1995, Ч. 2, Д., 1995;
  • Вахобов А. В. и др. Металлургия кальция и его сплавов. Д., 2000;
  • Металлургия стронция и его сплавов (ҳаммуаллиф). Д., 2000;
  • Барий и его сплавы (ҳаммуаллиф). Д., 2001.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]