Анвар Тӯраев
Анвар Тӯраев | |
Анвар Тӯраев | |
Навъи фаъолият: |
коргардон (режисёр) |
---|---|
Санаи таваллуд: | |
Зодгоҳ: |
ш. Самарканд |
Мамлакат: |
Анвар Тӯраев - коргардони синамо (кинорежисёр).Ходими хизматнишододаи санъати Тоҷикистон (1989) Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон (1991-1996).
Мундариҷа
Зиндагинома[вироиш]
Анвар Тӯраев 21 июни 1934, гузари Гӯри мири ш. Самарқанд ба дунё омадааст, Фарзанди Бурҳон Тӯраев. Дастпарвари мактаби миёнаи № 8 ш.Сталинобод (ҳоло – Душанбе, 1952). Омӯзишгоҳи Шепкини Москваро хатм кардааст (1958). Ҳунарпешаи ТДАДТ ба номи А.Лоҳутӣ (1958-1963), муҳарири шуъбаи кинохроникаи “Тоҷикфилм” (1963-1970). Солҳои 1964-1970 дар Институти умумиитифокии давлатии кинематография (ВГИК, Москва) дар сабақхонаи М.И. Ромм таҳсил кардааст. Солҳои 1970 – 1990 коргардони киностудияи “Тоҷикфилм”. Солҳои 1981-1986 котиб ва 1991 -1996 Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон.
Эҷодиёт[вироиш]
Дар синамо дар якчанд филмҳо ҳамчун ҳунарпешаи нақш офаридааст. Коргардони филмҳои бадеии
- “Духтари сеюм”(соли 1970) (дар заминаи қиссаи ҳамноми Фотеҳ Ниёзӣ),
- “Ишқи аввалини Насриддин” (соли 1977)(дар заминаи қиссаи ҳамноми Темур Зулфиқоров),
- “Гузаштаатро фол бин”,
- “Ман писанди ӯ”,
- “Ҳамла”,
- “Дарди ишқ” (соли 1989),
- “Тӯҳмат” ва диг.
ва филмҳои телевизионии
Пайвандҳои беруна[вироиш]
Манобеъ[вироиш]
- ↑ Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе,2013, с.134.
- ↑ Энциклопедия кино Таджикистана. - Душанбе, 2012, с. 208-2009.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам мебошад. Шумо метавонед бо пурра кардани ин ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Статьи с переопределением значения из Викиданных
- ВП: Мақолаҳои бесурат (камтар аз 21 намуди объект)
- Коргардонҳои Тоҷикистон
- Коргардонҳои киностудияи “Тоҷикфилм”
- Ҳунарпешаҳои киностудияи “Тоҷикфилм”
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Синамогарони Тоҷикистон
- Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон
- Иттифоқи кинематографистони СССР
- Дар Самарқанд таваллудшудагон
- Мақолаҳои нопурра, ниёзманди аниқсозии шаблон