Бурҳон Тӯраев
Бурҳон Тӯраев | |
Таърихи таваллуд | 1909 |
Зодгоҳ | Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 3 июн 1989 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхон,ҳунарпеша |
Ҷоизаҳо | Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон |
Бурҳон Тӯраев (1909, гузари Гӯри мири шаҳри Самарқанд — 3 июни 1989, Душанбе) — ҳунарпеша ва сароянда. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1939). Курси нӯҳмоҳаи муаллимтайёркунии Самарқандро хатм намудааст (1929). Актёри театри драмаи ба номи Ҳамза Ҳакимзодаи шаҳри Тошканд (1929—1930), Театри давлатии ӯзбекии «Ленин йӯли»-и шаҳри Самарқанд (1931—1932), Театри халқии ш. Панҷакент (1933-35), ҳунарпеша ва сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (1936—1959).
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Бурҳон Тӯраев дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ якчанд симоҳои барҷаста офаридааст: Султонбек («Аршин мололан»-и Ӯ. Ҳоҷибеков, 1938), Иброҳим («Гулсара»-и К. Яшин ва М. Муҳаммадов, 1938), Бобои осиёбон («Лола»-и Сергей Баласанян ва С. Ю. Урбах, 1939) ва ғ. Аввалин иҷрокунандаи нақши Восеъ дар нахустин операи тоҷ. — «Шӯриши восеъ»-и Сергей Баласанян(1939), Кова («Коваи оҳангар»-и Сергей Баласанян, 1941), Қароботур, Бурҳон («Тоҳир ва Зӯҳро», «Арӯс»-и Александр Степанович Ленский, 1944,1946), Заретский («Евгений Онегин»-и П. И. Чайковский, 1946). Синига «Кармен»-и Ж. Бизе, 1948), Акрам («Пӯлод ва Гулрӯ»-и Шарофиддин Сайфиддинов, 1957) ва ғ.
Дар ду балет низ нақшҳои асосиро бо услуби пантомима бозидааст: Гирей («Фаввораи Боғчасарой»-и Б. Асафйев, 1945) ва Командор («Лауренсия»-и А. А. Крейн, 1952).[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013. — С.123.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони соли 1909
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Самарқанд
- Даргузаштагони 3 июн
- Даргузаштагони соли 1989
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ