Jump to content

Анвар Шукуров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анвар Шукуров
Таърихи таваллуд 28 декабр 1952(1952-12-28)[1] (71 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва метематика[d] (1993)
Алма-матер
Вебгоҳ ncl.ac.uk/maths-physics/…

Анвар Шукуров (Шукуров Анвар Муҳаммадович; зод. 28 декабр 1952[1], Сталинобод[1]) — физикдон, ахтарфизикдон ва ахтаршиноси тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика (1993).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Анвар Шукуров 28 декабри соли 1952 дар шаҳри Душанбе дар хонадони донишманди тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба дунё омадааст. Дар Донишгоҳи давлатии Маскав аз рӯи ихтисоси физикаи назариявӣ таҳсил карда (1969—1975), таҳти роҳбарии олимони шинохта Я. Б. Зелдович ва А. А. Рузмайкин дар мавзӯи «Ташаккули ҳидрогени молекулавӣ дар Коиноти васеъшаванда» рисолаи дипломӣ навиштаанд. Рисолаи номзадиро баъди таҳсили аспирантура дар Пажӯҳишгоҳи ахтаршиносии ба номи Штернберги Донишгоҳи давлатии Маскав (1978—1981) таҳти роҳбарии олимони номбурда дар мавзӯи «Тавлиди майдонҳои магнитӣ дар қурс (диск)-и Галактика» соли 1982 ҳимоя кардаст. Соли 1993 дар Маркази астрокайҳонии Институти физикаи ба номи Лебедеви Академияи илмҳои Руссия дар мавзӯи «Тавлиди майдонҳои магнитӣ дар галактикаҳои спиралшакл» рисолаи докторӣ ҳимоя кардаст.

Фаъолияти кориашро ба сифати ходими хурди илмии Институти астрофизикаи АИ ҶШС Тоҷикистон шурӯъ карда (1975—1978), баъдан ҳамчун корманди илмии Пажӯҳишгоҳи математикаи татбиқии АИ ИҶШС (1975—1978), ходими хурди илмӣ ва ходими илмии Институти таҳқиқоти кайҳони АИ ИҶШС (1981—1989), ходими калони илмии Институти магнетизми Замин, ионосфера ва паҳншавии радиомавҷҳо (ИЗМИРАН, 1989—1992), ходими пешбари илмии Маркази таҳқиқотии ҳисоббарории Донишгоҳи ба номи М. В. Ломоносови шаҳри Москва (1992—1996) фаъолият кардааст. Аз соли 1996 то ҳол профессори Мактаби математика ва омори Донишгоҳи Нюкас мебошанд.

Ҳамчунин тӯли солҳои гуногун дар Маркази байнидонишгоҳии ахтаршиносӣ ва ахтарфизики шаҳри Пумаи Ҳинд, Пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқоти илмии Фаронса, Пажӯҳишгоҳи радиоахтаршиносии Макс Планки Олмон, Донишгоҳи Манчестери Британияи Кабир, Расадхонаи баландкӯҳии Маркази миллии таҳқиқоти атмосферии ИМА фаъолият кардааст. Анвар Шукуров узви Анҷумани подшоҳии ахтаршиносон, узви Ҷамъияти байналмиллалии ахтаршиносон ва узви консорсиуми LOFAR-UK мебошанд.

Анвар Шукуров дар самти майдонҳои магнитии галактикаҳои спиралшакл таҳқиқот анҷом дода, назарияи онҳоро коркард кардааст. Он кас дар бонуфузтарин маҷаллаҳои илмии олам, аз қабили «Nature», «Astronomy and Astrophysics», «Monthly Notices of the Royal Astronomical Society», «The Astrophysical Journal», «The Astrophysical Journal Letters», «Physical review letters», «Physical Review» ва даҳҳои дигар натиҷаҳои илмии худро ба нашр расондаанд. Мувофиқи додаҳои пойгоҳи Академия Google (Google Scholar) то имрӯз мақолаҳои Анвар Шукуров зиёда аз 9600 маротиба иқтибос шуда, индекси Ҳирша-и он кас ба 49 баробар аст[3].