Анвори азалия
Анвори азалия (аз ар. ҷамъи нур ва беибтидо) — дар ишроқия нуруланвор аст, ки он гӯё аз азал вуҷуд дошта, зуҳури аълою ашраф ва ҳузури шадиду қоҳири мутлақ ба шумор меравад. Он аз ҳар гуна унсурҳои зулмонӣ орӣ ва ягона буда, дорои ишроқоти (дурахш ишора ба равияи ишроқия) маҳз аст. Ба ибораи дигар, анвори азалия мабдаи мавҷудот ё худ воҷибулвуҷудест, ки мавҷудияташ ба зоташ вобаста мебошад. Дар натиҷаи фаязони (хайру баракати афзун) анвори азалия нури муҷарраде пайдо мешавад, ки онро Шиҳобуддини Суҳравардӣ «нури ақраб» номидааст. Нури ақраб анвори азалияро мушоҳида мекунад ва нисбат ба вай муҳаббати бепоён дорад, анвори азалия бошад, ба он мунтазам ишроқот мебахшад ва аз ҳамин муносибати мутақобилаи анвори азалия ва нури ақраб анвори қоҳира ба вуҷуд меоянд.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.