Jump to content

Анвори испаҳбудия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Анвори испаҳбудия ( аз ар. – ҷамъи нур ва авестоӣ «сипаҳбуд» – пешво, сардори сипоҳон) — истилоҳи ҳикмати ишроқия, ки нури муҷарради нафсониро ифода мекунад. Аз нури муҷарради ақраб силсилаҳои тӯлӣ ва арзии анвори қоҳира ба вуҷуд меоянд. Аз силсилаи арзии он силсилаи нури тоза, ё худ нафс, ё малакути асфал пайдо мешаванд, ки ба тавассути онҳо олами аносир ё худ навъҳои ҷудогонаи олами моддӣ идора мешаванд. Шароити ба вуҷуд омадани анвори испаҳбудия мисли пайдоиши анвори қоҳира аст. Шиҳобуддини Суҳравардӣ ин нурҳоро барои он анвори испаҳбудия номидааст, ки мувофиқи яке аз ривоятҳои Авесто, гӯё сарлашкаре бо ин ном нафси инсонро дар мубориза бо қувваҳои зулмонӣ идора мекардааст. Анвори испаҳбудия аз ҷониби нури олами ақли маҳз дорои хилофати кабир аст, чунонки дар олами моддӣ оташ ҳамчун бародари нури инсонӣ аз ҷониби олами ақлҳо дорои хилофати сағир мебошад.

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]