Ангар
Jump to navigation
Jump to search

Нақшаи ангари самолёт — эллинг
Ангар (фр. hangar) — иншоотест барои муҳофизат, хидмати техникӣ ва таъмири самолёту вертолёт.
Аз рӯи таъйинот ангар се навъ мешавад: доимӣ, муваққатӣ ва васлу ҷудошаванда. Ангари доимиро аз металлҳо ва оҳану бетон, ангари муваққатиро аз чӯбу тахта, ангари васлиро аз пӯлод ва хӯлаҳои сабук месозанд. Шаклу андозаҳои ангар ба навъ ва шумораи самолёту вертолётҳо вобаста аст. Ангар бо таҷҳизоти ҳамлу нақл, алоқа, сигнализатсия ва автоматҳои оташнишон ҷиҳозонида мешавад.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Ангар // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |