Jump to content

Ангар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нақшаи ошёнаи ҳавопаймо — эллинг

Ошёна ё Ангар (фр. hangar) — маконест барои ҳифозат, хидматрасонии фаннӣ ва таъмири ҳавогардҳое, назири ҳавопаймову чархбол.

Аз рӯйи таъйинот ошёна се навъ мешавад: доимӣ, муваққатӣ ва васлу ҷудошаванда. Ошёнаи доимиро аз филизот ва оҳану бетон, ошёнаи муваққатиро аз чӯбу тахта, ошёнаи васлиро аз пӯлод ва хӯлаҳои сабук месозанд. Шаклу андозаҳои ошёна ба навъ ва шумори ҳавогардҳо вобаста аст. Ошёна бо таҷҳизоти таробарӣ ё ҳамлу нақл, иртиботот, дуздгир ва дастгоҳҳои оташнишонӣ муҷаҳҳаз мешавад.