Jump to content

Ангезаи касалӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ангезаи касалӣ — мавҷудотеро гӯянд, ки боиси cap задани касалиҳои сироятии одаму ҳайвонот ва рустанӣ мегарданд. Ба ангезаи касалӣ бактерияҳо, занбӯруғҳо, риккетсияҳо, микоплазмаҳо, вирусҳо ва ғ. мансубанд.

Ангезаи касали ба организм бо роҳи нафас, аъзои ҳозима, роҳҳои бавлу таносул, пӯст, милки чашм дохил мешавад. Як гурӯҳи ангезандаҳо бевосита дар хун, лимфа ва дохили ҳуҷайраҳо инкишоф ёбанд, гурӯҳи дигар бо хун ба узвҳо ва бофтаҳои дигари организм мегузаранд. Ҷои ба организм дохилшудаи ангезаи касалӣ илтиҳоб пайдо карда, дар узвҳо тағйироти рефлексӣ, иммунологӣ ва морфологӣ ба амал меояд, ҷараёни мубодила дар организм халал меёбад. Ба ангезаи касалии рустаниҳо ва дарахтони мева занбӯруғ, бактерия, вирус, организмҳои микоплазмамонанд, содатаринҳо, обсабзҳо ва баъзе рустаниҳои пӯшидатухм мансубанд.

Ангезаи касалӣ чанд навъ мешавад:

  • якумин – ба дарахтони мева бори аввал сироят мекунад (мас., ангезаи касалии ҷел);
  • дуюмин – баъди сироят кардани мавҷудоти касалиовари ибтидоӣ ба рустанӣ дохил мешавад (мас., ангезаҳои тосаки пенисиллёзӣ ва аспергиллёзӣ баъди аз пероноспороз сироят ёфтани ток);
  • мутаҷовиз – ба рустанӣ ворид шуда, ғизо мегирад ва дар бофтаҳои он афзоиш мекунад (мас., ангезаҳои пероноспороз, ҷел);
  • махсус – ба узвҳои муайяни рустанӣ ё гурӯҳи рустаниҳое, ки ба ҳам қаробат доранд, сироят менамояд (мас., ангезаҳои серкоспороз, меланоз);
  • яккаҳомил – ҳама давраҳои инкишофаш дар як намуди рустанӣ ё навъҳои ба ҳам наздик мегузарад (аксари ангезаи касалиҳои ток);
  • гуногунҳомил – ҳар давраи инкишофи онҳо дар рустаниҳои намудҳои гуногун мегузарад (мас, занбӯруғҳои ангезаи касалии занга);
  • биотрофӣ – аз моддаҳои рустании ҳомил ғизо мегиранд (мас., ангезаи ҷел ва тосаки хокистарранг);
  • некротрофӣ – пеш аз дохил шудан ба ҳуҷайраи рустании ҳомил бо заҳри худ ҳуҷайраро маҳв сохта, аз бофтаҳои маҳвшуда ғизо мегиранд;
  • заҳрӣ – заҳр хориҷ карда, рустании ҳомилро касал мекунад (мас., ангезаҳои вертисиллёз, армилляриоз, пенисиллёз);
  • гистотропӣ – фақат дар бофтаҳои муайяни рустании ҳомил инкишоф ёфта, афзоиш мекунад (мас., ангезаи сурхакони ток фақат ба рагҳои барг осеб мерасонад).

Аз рӯи манбаи сироят ангезаи касалиҳо аэрогенӣ – бо ҷараёни ҳаво паҳн шуда, ба рӯи рустанӣ мешинанд (ангезаҳои ҷел, тосаки хокистарранг) ва хтоногенӣ – ба рустанӣ аз хок ворид мегарданд (ангезаҳои вертисиллёз, армилляриоз, фузариоз) мешаванд. Ангезаи касали ба рустанӣ танҳо дар мавриди муҳайё будани шароити мусоиди ғизогирӣ ва инкишоф сироят мекунад.

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.