Анҳидрид
Анҳидрид (аз юн. an – зарраи манфӣ ва hydor – об) — пайвасти химиявии ягон элемент бо оксиген, ки дар натиҷаи аз кислотаи дахлдор ҷудо кардани об ҳосил мешавад.
Ангидриди кислотаҳои ноорганикӣ ва органикӣ маълуманд. Ангидриди кислотаҳои ноорганикиро дар натиҷаи бевосита оксидонидани моддаҳои содаи дахлдор ба даст меоранд. Мас., ҳангоми сӯхтани сулфур дар ҳаво ангидриди кислотаи сулфит SO3 ҳосил мешавад. Дар натиҷаи минбаъд оксидшавӣ он ба ангидриди кислотаи сулфат SO2 табдил меёбад. Аксарияти ангидридҳои ноорганикӣ моддаҳои гигроскопӣ буда, намиро ба худ мекашанд. Аз ин рӯ онҳоро чун маводи хушконанда истифода мебаранд. Мас., ангидриди фосфат P2O5 яке аз хушконандаҳои фаъол аст. Ба ангидриди кислотаҳои органикӣ ангидриди атсетат (CH3CO)2O, ангидриди бензоат (C6H5CO)2 ва ғ. мансубанд. Ангидриди кислотаҳои органикӣ дар саноати химия чун воситаи атсилонанда (барои ба пайвастҳои химиявӣ дохил намудани боқимондаи кислотаҳои карбон RCO) истифода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ангидрид // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин химия мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |