Ангиокардиография
Ангиокардиография — ба даст овардани тасвири рентгении шараён, варид ё ҷавфи дил баъди ба онҳо фиристодани моддаҳои контрастӣ.
Ангиокардиография имкон медиҳад, ки хусусиятҳои анатомӣ ва тағйироти дар натиҷаи бемориҳо рухдода, ҳамчунин самти ҳаракати хун дар узвҳои мазкур ошкор карда шаванд. Ба сифати моддаи контрастӣ аз пайвастҳои йод истифода мекунанд. Дар мавриди гумонбарӣ аз ягон иллат, мас., нуқси девораи байни даҳлезҳои дил, моддаи контрастиро ба ҷойи осебёфта ё ба камера бо фишори нисбатан зиёд мефиристанд. Ҳангоми аз нигоҳи техникӣ пеш омадани ягон душворӣ (барои дуруст ҷой гирифтани катетер мамониат мекунад) моддаи контрастӣ ба ҷойи осебёфта ҳарчи наздиктар фиристода, ҳаракати он дар навор қайд карда мешавад. Солҳои охир бо мақсади ангиокардиография аз компютерҳо истифода мебаранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Шаблон:Rentgenology-stub
Шаблон:Med imaging-stub
Шаблон:Cardiology-stub