Ангиоспазм
Зоҳир
Ангиоспазм | |
---|---|
Ихтисос | Ангиология |
МКБ-9 | 443.9 |
---|---|
eMedicine | / |
Ангиоспазм (аз ангио… ва спазм) — ихтилоҷи артерияҳои майда, ки гардиши хуни узву бофтаҳоро суст мекунад. Ангиоспазм ҳангоми бемориҳои фишорбаландӣ, шақиқа, стенокардия ва ғ. мушоҳида мешавад. Сабаби ангиоспазм метавонанд сактаи майна, сактаи дил ва дигар бемориҳо бошанд. Дар натиҷаи ангиоспазм девораи рагҳо дучори тағйирот мегардад (атеросклероз).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.