Ангури Бахтиёрӣ
Зоҳир
Ангури Бахтиёрӣ, як навъ ангури маҳаллии қадимаи миёнасолиро гӯянд; селекцияи халқист. Бештар дар вилояти Ленинобод аниқтараш Суғд (районҳои Панҷакент, Ӯротеппа), води Ҳисор ва қисман дар вилояти Самарқанд-и ҶШС Ӯзбекистон парвариш мекунанд. Кундаи токаш тез сабз, 24 ё 27%-и навдаҳояш ҳосилдеҳ (бароьари зиёд шудани дастакҳои бисёрсолааш ҳосили зиёд медиҳад). Гулаш ду ҷинса, 10 ё 15-уми май (дар водии Ҳисор) гул карда, авали сентиябр мепазад. Хӯшааш калони маҳрутшакл (470 ё 500 г), шингилҳои болояш нағз инкишоф меёбанд.