Ангурканӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ангурканӣ — ҷамъоварии ангур.

Аз якчанд амалиёт иборат аст:

  • ба нақша гирифтани корҳои ҷамъоварии ҳосил ва муайян кардани муҳлати ғунучини он;
  • чида ба зарфҳо андохтани ангур, аз токзор бароварда ба воситаҳои нақлиёт бор кардан, кашондан ва дар ҷойи истифода фаровардани он.

Муҳлати ғунучин[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои дуруст ба роҳ мондани кор саривақт ва аниқ ба ҳисоб гирифтани миқдори ҳосил, муҳлати ғунучин ва давомоти он аҳамияти калон дорад. Ҳосил аз рӯи методикаи махсус (бо дарназардошти навъҳои ангури дар ҳар қитъа, бригада ва хоҷагӣ парваришкарда) пешакӣ муайян карда мешавад. Вобаста ба миқдори ҳосили ҷамъоваришаванда ва муҳлати тахминии ғунучини он нақшаи кори хоҷагӣ, ҷадвали ҷамъоварӣ ва ба ҷойи истифода ё фурӯш бурда расондани ҳосил тартиб дода мешавад. Илова бар ин талаботи ҳаррӯза ба коргарон ва бо воситаҳои нақлиёт (барои кашондани ҳосил), либосҳои махсуси корӣ, асбобу анҷом таъмин будани онҳо муқаррар карда хоҳад шуд. Нақшаи ғунучини ангурро бо нақшаи кори корхонаҳои саноатӣ ё ташкилоти маҳсулоттайёркунӣ ҳатман мувофиқ мекунанд. Барои муқаррар кардани муҳлати беҳтарини ангурканӣ аз токзор мунтазам намунаҳо гирифта, таҳлил карда мешаванд. Ангурро саросар (якбора ҳамаи хӯшаҳоро чида мегиранд) ё интихобан (танҳо хӯшаҳои расидаашро чида мегиранд) меғундоранд.

Корҳои ангурканӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Корҳои ангурканиро дастӣ ё ба тавассути мошинҳои махсус анҷом медиҳанд. Ангури токзорҳои хурд дастӣ ғундошта мешавад. Коргар аз як ток ба токи дигар гузашта, хӯшаҳоро батартиб бурида ба зарф мегузорад, баробари пур шудан, зарфро ба ҷойи таъ йиншуда бароварда ба қуттиҳо холӣ мекунад. Ҳангоми дастӣ ғундоштани ҳосил тақсими меҳнат натиҷаи дилхоҳ медиҳад, яъне як шахс хӯшаҳои ангурро чида ба зарф мерезад ва шахси дигар зарфи пурро бурда ба қуттиҳо холӣ мекунад. Дар рӯзҳои борон, шабнам ва ниҳоят гарм будани ҳаво чидани ангур ҷоиз нест. Ҳангоми дастӣ чидан ангурро эҳтиёткорона бо қайчӣ, қайчии токбурӣ ё кордҳои гуногун бурида мегиранд. Донаҳои ангури барои тархӯрӣ пешбинишуда бояд рехта ифлос нашаванд ва осеб наёбанд. Хӯшаҳои ангурро баъди кандан якбора аз қисмҳои иллатнок тоза кардан лозим аст, зеро барои ин кор вақти иловагӣ сарф мешавад. Дар токзорҳои калони саноатӣ ангурканӣ қисман ё пурра механиконида шудааст (мас., аз байни қаторҳо баровардан ва ба воситаҳои нақлиёт бор кардани ҳосил). Дар баъзе хоҷагиҳо ангурро низ мошинҳои махсус мечинанд. Ангури навъҳои техникӣ бисёр вақт бе қуттӣ кашонда мешавад. Дар шароити Тоҷикистон навъҳои пешпазаки Дороӣ, Чиллагӣ ва Жемчуг – Саборо, ки дар миёнаҳои моҳи июн мепазанд, то ох. июл ҷамъоварӣ мекунанд. Кишмиши сафед ва Кишмиши сиёҳро барои хушкондан ва тайёр кардани мавизи соягӣ ва офтобӣ ох. авг. ё авв. сент. мекананд. Навъҳои мавизии Каттақӯрғонӣ, Васарға, Ҷавз, Шакарангур, Лаъли якдона ва Тагобиро то 15 сент. кандан лозим аст. Сари вақт ҷамъоварӣ накардани ангур боиси паст шудани сифати мавиз мегардад. Ҳангоми кандани ангурҳои шаробӣ, албатта, дараҷаи ширинии онҳоро ба назар гирифтан лозим аст. Он навъҳои ангурро, ки барои зимис тон нигоҳ медоранд, ох. окт. пеш аз боридани барфу борон мекананд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Раҷабов Қ., Дастури токпарвар, Д., 1986;
  • Парфененко Л. Г., Промышленная культура технических сортов винограда в Молдавии, Кишинёв, 1983;
  • Серпуховитина К. А., Морозова Г. М., Промышленное виноградарство, М., 1984;
  • Коваль Н. М., Настольная книга виноградаря, Киев, 1995.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]