Андалеби Табрезӣ
Хоҷа Муҳаммади Ҳофиз | |
Таърихи таваллуд | 1372 |
Зодгоҳ | Ҳирот |
Таърихи даргузашт | 1440 |
Маҳалли даргузашт | Ҳирот |
Пеша(ҳо) | мусиқидон, машшоқ, шоир |
Андалеби Табрезӣ (номаш Хоҷа Муҳаммади Ҳофиз; 1372, Ҳирот – 1440, ҳамон ҷо) — мусиқидон, ҳофиз, машшоқ ва шоири форсу тоҷик (охири садаи XIV ибтидои садаи XV).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Барои овози хуш ва санъати баланди иҷрокунандагиаш лақаби «Андалеб»-ро гирифтааст. Бо ҳофиз ва машшоқ Устод Шодии Ҳиравӣ ҳамкории эҷодӣ дошта, аз ӯ дарси маҳорат омӯхтааст. Барои камолоти ҳунарӣ ба Эрону Хуросон сафар карда, то охири умр дар Табрез зистааст. Дар ибтидо дар хидмати султон Аҳмади Атласпӯш (сулолаи Ҷалоириҳо) буда, ба гурӯҳи калони мутрибони дарбор сарварӣ менамуд. Ҳамчунин бо Абдулқодири Гӯянда ҳамкорӣ намуда, дар таснифи «Амал», «Савт», «Мухаммас»-ҳои ӯ тазминҳо офаридааст: «Амали Гулистон», «Амали Бӯстон», «Амали Тарона», «Амали Ситамкаш», «Амали Гуландом», «Амали Хиромон», «Амали Суманбар» (бар ғазалиёти Саъдӣ, Ҳофиз, Камол). Андалеби Табрезӣ ҳамчунин ба дигар шаклҳои мусиқӣ – «Кор», «Савт», «Саҷъ», «Рехта», «Пешрав» ва ғайра таснифоти зиёде офаридааст. Дар эҷоди ғазалу рубоӣ ва қитаоти рангин низ лаёқати хуб доштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Раҷабов А., Афкори мусиқии тоҷик дар асрҳои XII – XV, Д., 1989;
- Маҳшун Ҳ., Таърихи мусиқии Эрон, ҷ. 1, Т., 1375 ҳ. ш.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Андалеби Табрезӣ / А. Раҷабов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.