Jump to content

Андарзнома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Андарзнома, китоби андарзҳо — осори адабӣ-бадеӣ, динӣ, фалсафии панду ахлоқӣ, ки дар он андарзҳо, суханони панду ҳикматомез, гуфтори ибратомӯз фароҳам омадаанд.

Осори панду ахлоқӣ дар эҷодиёти даҳонакӣ ва адабиёти хаттии мардуми Шарқ, Мисри Қадим, Бобулу Шумер, Чин, Ҳиндустон, кишварҳои бостонии Европа, Юнону Руми Бостон дар замони бостон пайдо шудаанд ва дар тарбияи ахлоқӣ, рушди маънавиёти ҷомеа, тарбияи наврасону ҷавонон, ҳидояти калонсолон ба некиву накӯкорӣ, ахлоқи ҳамида, амал кардан мутобиқи панди рӯзгор, ҳикмати амал, таҷрибаи зиндагӣ, дурӣ ҷустан аз аъмоли бад ва ғайра аҳамияти бузург доштанд. Андарзҳо ва дар шакли андарзнома фароҳам овардани онҳо дар адабиёти бадеӣ ва динии мардуми ориёӣ таърихи тӯлоние, аз замони ба арсаи таърих қадам ниҳодани ориёиён, ба миён омадани китоби муқаддаси Авесто, дорад. Андарзнома дар адабиёти паҳлавӣ ба забони форсии миёна дар асрҳои 3 – 9 ривоҷу равақ ёфт. Дар ин давра андарзнома чун як навъи (жанри) адабиёти бадеӣ, дидактикӣ арзи вуҷуд намуд. Чанде аз андарзномаҳои паҳлавӣ дастраси муҳаққиқон гардидаанд, ки онҳоро метавон ба ду гурӯҳ тақсим намуд. Якум, андарзнома андарзномаҳое, ки дар онҳо масъалаҳои дини зардуштӣ, ки дар замони Сосониён мақоми давлатӣ дошт, матраҳ гардидаанд: «Чидак андарзи порйоткаешон», «Андарзи доноён ба маздаяснон», «Якчанд сухан (ки) Озарфарнбағи Фаррухзодон гуфт», «Суханҳои Бахтофарид ва Озарбади Зардуштон», «Андарзи дастурон ба беҳдинон», «Андарзи пешиниён», «Ёдгори Бузургмеҳр» ва ғайра Дуюм, андарзномаҳое, ки ҳикмати амалӣ, масъалаҳои дунявиро дар бар мегиранд: «Андарзи Озарбади Маҳраспандон», «Вожае чанд аз Озарбади Маҳраспандон», «Андарзи Ушнари доно», «Андарзи Ҷамшед», «Андарзи Саена», «Андарзи Хусрави Қубодон». Дар осори динӣ, адабӣ ва таърихии паҳлавӣ, аз қабили «Динкард», «Бундаҳиш», «Минуи хирад», «Дарахти асурӣ» ва ғайра бобҳову фаслҳо ва порчаҳои андарзӣ, пандуахлоқӣ вуҷуд доранд. Масалан, дар «Динкард» андарзҳо аз Авесто оварда шудаанд; дар боби дуюми «Минуи хирад» 100 гуфтори андарзӣ фароҳам омадаанд. Аксар андарзномаҳое, ки матнашон боқӣ мондааст ва дастраси муҳаққиқон гардидаанд, дар замони Сосониён тадвин шудаанд. Муаллифи баъзеи онҳо шоҳон, вазирон, мубадони замони Сосониёнанд, дигарашон ба шоҳону вазирон, ҳакимони даврони бостон – Ҷамшед, Ушнари доно (вазири Кайковус), Саена (ҳакиме, ки гӯё дар аҳди шоҳони қадими Эрон зистааст) нисбат дода шудаанд. Ин падида гувоҳи он аст, ки пеш аз Сосониён ҳам маҷмӯаҳои андарзӣ ва пандунасиҳатӣ вуҷуд доштаанд. Дар андарзномаҳои динии паҳлавӣ оид ба риояи расму оини зардуштия, итоат, порсоӣ, қаноат, тан додан ба тақдир ва ғайра сухан меравад. Дар андарзномаҳои дигари паҳлавӣ аз давлатдории одилона, раиятпарварӣ, тарғиби ростӣ, некӣ ва накӯкирдорӣ, тарғиби илму дониш, дӯстӣ ва рафоқат, бузургдошти падару модар ва устодони дабиристон, ғамхорӣ кардан ба аҳли хонадон, ба мактаб додан ва ба таҳсили илми фарзандон мусоидат намудан ва ғайра сухан меравад. Анъанаи андарзноманависӣ пас аз Сосониён дар адабиёти арабӣ, адабиёти асримиёнагии форс-тоҷик ва халқҳои дигари Шарқ идома ёфт. Дар таъсири андарзномаҳои паҳлавӣ, ки аксарашон ба забони арабӣ тарҷума карда шуданд, дар адабиёти арабӣ навъи (жанри) «адаб» пайдо шуд. Дар адабиёти форс-тоҷик асарҳои ба андарзнома монанд ва ё порчаҳои андарзӣ дар нигоштаҳои Рӯдакӣ, Абушакури Балхӣ («Офариннома»), Фирдавсӣ (андарзҳои шоҳон ҳангоми ба тахт нишастан ва ё васиятҳо пеш аз марг дар «Шоҳнома»), Асадии Тӯсӣ («Гаршоспнома»), Абуалӣ ибни Сино («Пирӯзинома» – «Зафарнома», асари андарзие, ки ба ӯ нисбат дода мешавад), Абдуллоҳи Ансорӣ («Насоеҳ», «Тӯҳфату-л-мулук», «Анису-л-муридин ва шамсу-л-маҷлис», «Манозилу-л-соирон»), Хусрави Деҳлавӣ, Саъдӣ («Гулистон», «Бӯстон»), Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон ба назар мерасанд. Ба «Роҳату-с-судур»-и Ровандӣ, «Марзбоннома», «Сиёсатнома», «Калила ва Димна», «Таърихи Табаристон», девонҳо, китобҳои таърихӣ ва адабии дигар низ андарзҳои паҳлавӣ дохил гардидаанд. Чунин ба назар мерасад, ки Фирдавсӣ аз «Андарзи Хусрави Қубодон» огоҳ будааст ва аз он чунин ёд мекунад:

Ман эдун шунидам, ки ҷои меҳӣ,
Ҳаме мардуми носазоро диҳӣ.
Чунон дон, ки Нушервони Қубод,
Ба «Андарзнома» чунин кард ёд,
Ки: «Ҳар кӣ сипоҳаш ба душман диҳад,
Ҳаме хештанро ба куштан диҳад».

Дар «Шоҳнома» инчунин «Андарзи Бузургмеҳр», «Андарзнома навиштани Баҳроми Гӯр ба кордорони худ» ва ғайра оварда шудаанд. Дар «Гаршоспнома»-и Асадии Тӯсӣ низ суханони Гаршосп ва Наримон зери унвони «Андарзнома» омадаанд. Анъанаи «Андарзнома»-нависӣ дар адабиёти форс-тоҷик (дар дохили асарҳо, насиҳатномаҳои шуаро ва насрнависон, насиҳат ба фарзандонашон, ҳикоятҳои тамсилии китобҳои ахлоқ, рисолаҳои ҷавонмардӣ ва маҷмӯаҳои панду насиҳат) асрҳо давом кардааст. Дар осори адибони тоҷик аз Садриддин Айнӣ сар карда то ба имрӯз (2011) ҳам дар эҷодиёти адибони наслҳои гуногун (калонсолон ва ҷавонон) андешаҳои андарзӣ (порчаҳо, байтҳо, мисраъҳо ва ғайра) дар дохили асарҳо ҷой гирифтаанд. Дар адабиёти муосири тоҷик ба гурӯҳи асарҳои ба андарзнома монанд таълифшуда китобҳои Ҳоҷӣ Умархӯҷаи Истаравшаниро бо номи «Достони панди пири хирад» (қисми чорумаш соли 2008 ба табъ расидааст) дохил метавон кард.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Абдурраҳмони Ҷомӣ , Панду ҳикматҳо, Д., 1964;
  • Амир Хусрави Деҳлавӣ, Андарзу ҳикматҳо, Д., 1975;
  • Андарзномаи Фирдавсӣ, Д., 1992;
  • Мутуни паҳлавӣ, Т., 1371 ҳ. ш.;
  • Авесто, Д., 2001;
  • Саймиддинов Д., Адабиёти паҳлавӣ, Д., 2003;
  • Асадии Тусӣ. Ҳикоёт ва ҳикматҳо аз «Гаршоспнома», Д., 2007;
  • Унсурулмаолии Кайкову , Қобуснома, Д., 2007;
  • Китоби Синдбоди Ҳаким, Д., 2009;
  • Изведать дороги и пути праведных, М., 1991.