Jump to content

Андозбандии байналхалқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Андозбандии байналхалқӣ — пардохти пулие мебошад, ки илова ба андоз аз фоидаи намояндагӣ ва филиали шахси юридикии хориҷӣ, ҳамчун нисбати фоидаи софи он аз рӯи меъёри аниқ ба буҷаи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Агар резидент бевосита ё бавосита дорои зиёда аз 10 фоизи фонди оинномавӣ ё зиёда аз 10 фоизи саҳмияҳо бо ҳуқуқи овози шахси юридикии хориҷӣ, ки вай дар навбати худ дар мамлакати дорои андозбандии имтиёзнок даромад мегирад, бошад, як қисми чунин даромад, ки ба резидент тааллуқ дорад, ба фоидаи андозбандишавандаи вай дохил карда мешавад. Давлати хориҷӣ дар ҳолате давлати дорои андозбандии имтиёзнок ҳисобида мешавад, ки агар меъёри андоз дар он нисбат ба меъёри Кодекси андози ҶТ муқарраркарда аз се як баробар кам бошад, ё қонунҳо дар бораи махфӣ нигоҳ доштани маълумоти молиявӣ ё маълумот дар бораи ширкатҳо, ки барои нигоҳ доштани сирри соҳиби воқеии амвол ё фоидагиранда имконият медиҳанд, вуҷуд дошта бошанд.[1].

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.49