Андозбандӣ
Андозбандӣ — усулҳои татбиқи андозситонии давлатӣ.
Навъҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Мувофиқи тарзи андозситонӣ андозбандӣ ду навъ мешавад:
Мустақим[вироиш | вироиши манбаъ]
Андози мустақим аз даромад ва ё амволи ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи меъёрҳои муқарраршуда ситонда мешавад. Андози мустақим дар нафси худ ду навъ мешавад:
- андози мустақими воқеӣ, ки бо он қитъаҳои замин, ҳайвоноти хонагӣ, амволи ғайриманқул
- андозҳои мустақими воқеии хусусӣ, ки даромад ё амволи ашхоси воқеӣ (андоз аз даромад, андоз аз мерос ва ё чизҳои ҳадяшуда ва амсоли инҳо) андозбандӣ мешаванд.
Ғайримустақим[вироиш | вироиши манбаъ]
Андозбандӣ ғайримустақим (ё худ аксизҳо) аз тариқи арзиши молҳо, аслан ашёи серистеъмол ситонда мешавад. Объекти андозбандӣ ва (ё) объекти бо андозбандӣ алоқаманд объекти дорои тавсифи арзишӣ, миқдорӣ ё физикӣ буда, ҳангоми мавҷудияти он (объект) қонунгузории андоз нисбати андозсупоранда (субъект) ӯҳдадориҳоро доир ба пардохти андоз муайян менамояд. Ҳар кадом андоз объекти мустақили ба худ хос дорад.
Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Андозбандӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.