Андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо
Андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо — супорандагони ин намуди андоз шахсоне мебошанд, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти коркардро ба хориҷи кишвар мебароранд. Объекти андозбандӣ арзиши маҳсулоти коркард мебошад. Меъёрҳои андоз аз маҳсулоти коркард аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фоиз аз арзиши маҳсулоти коркард ё бо маблағи устувор барои воҳид муайян карда шудааст. Маблағи андози аз маҳсулоти коркард пардохташаванда дар асоси арзиши маҳсулоти коркард дар рӯзи баровардани он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин меъёри андоз ҳисоб карда, то баровардани маҳсулоти коркард аз ҳудуди ҷумҳурӣ пардохта мешавад. Шахсоне, ки коркарди маҳсулоти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро анҷом медиҳанд, ба сифати агенти андоз барои сари вақт ва пурра ҳисобкунӣ ва пардохти андоз амал менамоянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Андоз / С. Ҳабибов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.