Андоз аз фурӯши чакана

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Андоз аз фурӯши чаканапардохт ба буҷети маҳаллӣ аст.

Супорандагони андоз[вироиш]

Супорандагони андоз аз фурӯши чакана соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие мебошанд, ки ба савдои чаканафурӯшии мол машғуланд. Объекти андозбандӣ фурӯши чаканаи молҳо, аз ҷумла фурӯши маҳсулоти хӯроки омма дар ҳудуди шаҳр (ноҳия) мебошад. Манбаи андоз арзиши фурӯши чаканаи молҳо ба ҳисоб меравад. Маблағи фурӯши чаканаи молҳо дар асоси усули хазинавӣ вобаста ба нархи озод, ки андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо оид ба молҳои зераксизиро дар бар мегирад, ҳисоб карда мешавад.

Меъёр[вироиш]

Меъёри андоз бо ҳисоби 3 фоизи нархҳои чаканаи озоди (бозорӣ) мол муқаррар карда шудааст. Давраи андоз моҳи тақвимӣ мебошад. Арзиши молҳои ба тарзи чакана фурӯхташуда аз ҷониби андозсупоранда мустақилона, дар асоси нишондиҳандаҳои мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ, дигар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё сабти дафтари фурӯш, ки шакл ва тартиби пешбурди онро мақоми андоз муқаррар менамояд, ҳисоб карда, дар эъломияи ҳармоҳа оид ба андози фурӯши чакана инъикос карда мешавад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]