Jump to content

Андрей Волос

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Андрей Волос
Таърихи таваллуд: 4 август 1955(1955-08-04) (69 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: русӣ

Андре́й Ге́рманович Во́лос (тав. 4 августи 1955, Сталинобод) — шоир ва нависанда.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи геофизикаи Институти нафт, кимиё ва саноати гази ба номи Губкини Маскав (1977). Андрей Волос баъди хатми ин-т ба тарҷумаи ашъори шоирони тоҷик пардохт. Намунаҳои ашъораш дар маҷаллаи адабии «Памир» соли 1979 ба табъ расиданд. Андрей Волос бо нахустин маҷмӯаи ашъораш «Старое шоссе» (1988) вориди майдони адабиёт гардид. Пас аз тарҷумаи бебарори шеъри «Ватан»-и Бозор Собир ба омӯзиши забони тоҷикӣ машғул шуд. Андрей Волос дар охири солҳои 80 садаи XX ба насрнависӣ рӯй оварда, ҳикояи «Команда 22/19»-ро (1989) менависад, ки дар он аз таҷрибаи эҷодии насри адабиёти ҷаҳон истифода шудааст. Андрей Волос солҳои 90 садаи XX аз Тоҷикистон ба Маскав кӯчид. Саргузашташро дар романи «Хуррамабад» (2000) иброз намудааст. Ин асар ҳамон сол ба забони олмонӣ тарҷума шуда, сазовори Мукофоти давлатии Федератсияи Русия гардид. Баъд романҳои «Недвижимость» («Ғайриманқул», 2001), «Московская Мекка» («Маккаи Маскав», 2003), «Аниматор» (2005), «Победитель» («Ғолиб», 2008), маҷмӯаи ҳикояҳои «Mymoon» («Моҳи ман») (2005), «Таджикские игры» («Бозиҳои тоҷикӣ») (2005)-ро ба табъ расонд. Дар китоби «Алфавита. Книга соответствий» («Алифбо. Китоби мутобиқатҳо» (2007) боберо ба тоҷикҳо бахшидааст. Муҳимтарин асари Андрей Волос романи «Возвращение в Панджруд» («Бозгашт ба Панҷрӯд», 2013) аст, ки дар асоси зиндагиномаи сардафтари адабиёти форс-тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858—941) эҷод шудааст. Романи мазкур дар тӯли 27 сол навишта шуда, сазовори Ҷоизаи «Русский Букер — 2013» гардид.

Андрей Волос барандаи мукофоти маҷаллаҳои «Крестьянка», «Знамя» (1996), «Новый мир» (2001), мукофоти адабии байналмилалии «Москва-Пенне» (1998), ҷоизаи «Большая книга» (2006; барои романи «Аниматор») ва барои романи «Возвращение в Панджруд» (2013) мебошад.

  • Огрызко В. В. Кто сегодня делает литературу в России. Вып. 1 // Литературная Россия;
  • Современные русские писатели. М., 2006.
  • Волос Андрей Германович / Ф. Маҳмадулоев, М. Маҳмудов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.