Андрей Гончаров
Таърихи таваллуд: | 2 январ 1918[1] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 7 сентябр 2001 (83 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | коргардони театр |
Солҳои фаъолият | аз 1940 |
Ҷоизаҳо: |
Андре́й Алекса́ндрович Гончаро́в (2 январ 1918[1], Рязан — 7 сентябр 2001, Маскав) — коргардони рус, Артисти халқии ИҶШС (1977).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз хатми Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) ихтиёрӣ ба ҷабҳаи ҷанги зидди фашистон рафт. Солҳои 1942-44 коргардони Театри 1-уми ҷабҳаии Ҷамъияти театрии умумируссиягӣ буд (дар ин давра намоишномаи «Маро интизор бош»-и К. Симонов, 1942 ва ғ.-ро ба саҳна гузошт). Солҳои 1944-66 дар театрҳои Маскав кор кард. Аз соли 1967 коргардони асосӣ (аз соли 1987 роҳбари бадеӣ)-и Театри ба номи В. В. Маяковскийи Маскав. "Трамвайи «Орзу»-и Т. Вилямс (1970), «Гуфтугӯ бо Суқрот»-и Э. Родзинский (1975), «Бону Макбет аз Мзенский»-и Н. Лесков (1979), «Ғуруб»-и И. Бабел (1988), «Себҳои лазиз, ё худ ҳақиқат хуб, аммо хушбахтӣ хубтар»-и А. Н. Островский (1989), «Кӯзпушт»-и С. Морожек (1991), «Оё ин писанди шумост»-и В. Шекспир (1997) аз ҷумлаи маъруфтарин намоишномаҳои басаҳнагузоштаи ӯянд. Ба намоишномаҳои Г. ҳунари баланди саҳнагузорӣ, пурвусъатӣ ва умқи ифшои андеша, намоишкориҳои равшан, тавзеҳи шадиду замонавии низоъҳо хос буданд. Аз соли 1945 дар Институти давлатии театрии ба номи А. В. Луначарский принсипҳои омӯзиши муштараки коргардонҳову ҳунарпешагон (актёрҳо)-ро ҷорӣ намуд. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1988), дорандаи Мукофоти давлати ИҶШС (1977, 1984) ва Мукофоти давлатии Федератсияи Русия (1999).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Гончаров Андрей Александрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гончаров Андрей Александрович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 2 январ
- Зодагони соли 1918
- Даргузаштагони 7 сентябр
- Даргузаштагони соли 2001
- Даргузаштагони Маскав
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени «Барои хидмат ба Ватан» дараҷаи 3
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени Ситораи Сурх
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Ҳунарпешагони халқии ИҶШС
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ИҶШС
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Википедия:Синамогарон бидуни IMDb