Андрей Громико
беларусӣ: Андрэй Андрэевіч Грамыка | |
![]() | |
| |
|
|
Таваллуд |
5 (18) июл 1909 |
Даргузашт |
2 июл 1989[2] (79 сол) |
Мадфан | |
Ҳамсар | Lydia Gromyko[d] |
Фарзандон | Anatoly Gromyko[d] ва Emilia Andreevna Gromyko[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Дараҷаи илмӣ | доктори илмҳои иқтисод[d] |
Эътиқод | атеизм |
Ҷоизаҳо | |
![]() |
Андрей Андреевич Громико (беларусӣ: Андрэй Андрэевіч Грамыка; 5 [18] июл 1909, Staryja Hramykі[d], Gomelsky Uyezd[d], Mogilev Governorate[d], Русияи подшоҳӣ[1] — 2 июл 1989[2], Маскав[3]) — арбоби давлатӣ, ҳизбӣ ва сиёсӣ, яке аз дипломатҳои номдори замони шӯравӣ. Ду бор Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969, 1979). Доктори илмҳои иқтисодӣ (1956).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Хатмкардаи донишкадаи иқтисодӣ (1932). Х. к. илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисодии АИ ИҶШС (1936-37), мудири шуъбаи мамлакатҳои қитъаи Амрикои Комиссариати халқии корҳои хориҷии ИҶШС ва мушовири сафири Иттиҳоди Шӯравӣ дар ИМА (аз 1939), сафири Иттиҳоди Шӯравӣ дар ИМА ва ҳамзамон намояндаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Куба (1943-46), ҷонишини вазири корҳои хориҷии ИҶШС (1946-49) ва намояндаи доимии Иттиҳоди Шӯравӣ дар СММ (1946-48), ҷонишини якуми вазири корҳои хориҷии ИҶШС (1949-52 ва 1953-57), сафири Иттиҳоди Шӯравӣ дар Британияи Кабир (1952-53), вазири корҳои хориҷии ИҶШС (1957-85) ва ҳамзамон ҷонишини якуми раиси Шӯрои вазирони ИҶШС (1983-85), раиси Раёсати (Президиуми) Шӯрои Олии ИҶШС (1985-88), узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии ҲКИШ (1973-88). Андрей Громико борҳо дар конфронсҳои байналхалқӣ ва иҷлосияҳои Ассамблеяи Генералии СММ иштирок ва суханронӣ карда, манфиати Иттиҳоди Шӯравӣ ва шарикони онро ҳимоя намудааст. Дар омодасозии Созишномаи манъи озмоиши силоҳи ҳастаӣ дар се сатҳи кураи Замин (1963), Созишнома оид ба ҳимояи зиддимушакӣ (1972), Созишномаҳо оид ба маҳдудсозии силоҳҳои стратегии ОСВ-1 (1972) ва ОСВ-2 (1979) нақши муҳим дошта, яке аз ташаббускорони хориҷ кардани артиши Шӯравӣ аз Афғонистон буд. Соли 1988 дар раванди сиёсати бозсозӣ ба нафақа баромад. Депутати Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 2, 5-10).
Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Дорандаи мукофоти Ленинӣ (1982) ва Мукофоти давлатии ИҶШС (1984). Бо 6 ордени Ленин, 3 ордени дигар ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ 1.0 1.1 Громыко Андрей Андреевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 2.0 2.1 filmportal.de — 2005.
- ↑ 3.0 3.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118857886 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Громико Андрей Андреевич / Н. Ҳотамов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони 18 июл
- Зодагони соли 1909
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 2 июл
- Даргузаштагони соли 1989
- Даргузаштагони Маскав
- Аъзои Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Барандагони Мукофоти ленинӣ
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ИҶШС
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)