Андудаҳо
Зоҳир
Андудаҳо — қабати ба рӯи мавод рӯкашшаванда барои беҳтар намудани хосиятҳои сатҳи он (намуди зоҳирӣ, адгезия, таршавӣ, қобилияти гузарондани ҷараёни электрикӣ, тобоварӣ нисбати зангзанӣ, фарсудашавӣ, ҳарорат ва ғайра).
Андудаҳо дар ҳолати сахт, моеъ ва газмонанд рӯкаш карда мешаванд. Андудаҳо намуди зоҳирии маснуотро беҳтар намуда, металлҳоро аз зангзанию фарсудашавӣ эмин медоранд ва муҳлати истифодаи онҳоро дароз мекунанд. Маснуот бо плёнкаҳои тунук, металлҳо (хром, алюминий, руҳ, фосфат, галваника ва ғайра), рангубор (олиф, лок, ранг, эмал, лаълоб), хокаҳо ва полимерҳо (тефлон) андуда мешаванд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Андудаҳо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.