Кӯҳҳои Анд
исп. Cordillera de los Andes | |
Mountain range | American Cordillera[d] |
---|---|
Кишвар | |
Мавқеият | Америкаи Ҷанубӣ |
Баландтарин нуқта | Aconcagua[d] |
Баландӣ аз сатҳи баҳр | 6 962 м |
Time period | Mesozoic[d] |
Дарозӣ |
|
Бар | 500 км |
Масоҳат |
|
Гурӯҳ барои назари элемент | Category:Views of the Andes[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
А́нд, Кордилйе́раҳои А́нд (исп. Andes; Cordillera de los Andes; анта, ба забони инкҳо — мис, кӯҳҳои мисдор) — системаи кӯҳӣ, ки Америкаи Ҷанубиро аз ғарб ва шимол фаро гирифтааст. Яке аз баландтарин (кӯҳи Аконкагуа, 6 962 м) ва дарозтарин (9 000 км) системаи кӯҳии олам аст.
Анд аз силсилаи қаторкӯҳҳои асосан меридионалии мутавозӣ — Кордилйераҳои Шарқӣ, Марказӣ, Ғарбӣ ва Соҳилӣ иборат буда, байни онҳо пуштакӯҳҳо (дар Боливия, Перу) ва пастхамиҳо воқеанд. Анд минтақаи серзилзила аст: қариб 70 вулқон, аз ҷумла 30 вулқони амалкунанда (Котопахӣ, Мистӣ, Майпо, баландтаринаш Чимборасо — 6 310 м) дорад.
Орография
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз рӯи хусусиятҳои сохторию геоморфологӣ Анд аз Шимол ба Ҷануб ба чанд қитъа тақсим мешавад: Анди Кариб, Анди Шимолу Ғарбӣ, Анди Эквадор, Анди Перу, Анди Марказӣ, Анди субтропикии Чилию Аргентина ва Анди Патагония. Анди ҳудуди 7 давлати Америкаи Ҷанубӣ — Венесуэла, Колумбия, Эквадор, Перу, Боливия, Чилӣ ва Аргентинаро фаро гирифтааст. Анди аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст. Захираҳои калони нефт, қалъагӣ, нуқра, сурб, руҳ, волфрам, ванадий, сурма, висмут, платина ва тило мавҷуданд.
Иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Иқлими Анд гуногун аст: дар доманаи кӯҳҳои қисмҳои шимолӣ ва марказии Анд — тропикӣ ва экваторӣ, ҳарор. ҳаво доимо аз 20°С баланд аст; ҷанубтар аз он иқлим мӯътадил, дар кӯҳҳо мӯътадил ва сард. Боришоти солона дар ғарби Колумбия ва ҷануби Чилӣ бештар аз 6 000 мм, дар нишебиҳои шарқии минтақаи экваторӣ қариб 3000 мм. Дар соҳилҳои Перу ва шимол Чилӣ — 100 мм ва аз он кам. Дар Шимол ва маркази Анд сатҳи барф баланд аст. Дар Ҷануб барфҳои доимӣ аз баландии 1000—1200 м сар мешаванд. Пиряхҳо бисёр буда, баъзеи онҳо то уқёнус рафта мерасанд. Анд бахшгоҳи байни уқёнусҳои Ором ва Атлантик мебошад, аз ин ҷо дарёи калонтарини Америкаи Ҷанубӣ — Амазонка оғоз меёбад. Дар Анд яке аз калонтарин кӯлҳои баландкӯҳи дунё — Титикака воқеъ аст. Нишебиҳои сернами шимол ғарбии Андро то ҷануб Анди Марказӣ бешазорҳои экваторию тропикии кӯҳӣ пӯшидаанд, ки хокашон латеритӣ аст. Дар Анди Кариб бешаҳои баргрез ва хоки сурхи кӯҳӣ, дар Анди субтропикии Чилӣ бешазорони ҳамешасабз ва хоки қаҳваранг дида мешавад. Аз 38° арзи ҷанубӣ ба самти Ҷануб бешаҳои сернами ҳамешасабз ва омехтаи хокашон сиёҳтоб воқеанд.
Олами наботот
[вироиш | вироиши манбаъ]Паҳнкӯҳҳои баланд набототи ба худ хос доранд: дар Шимол марғзори баландкӯҳи экваторӣ — парамос; дар Анди Перу ва шимол шарқии Пуна даштҳои тропикӣ — халка; дар ҷануб ғарби Пуна ва саросари соҳилҳои Уқёнуси Ором дар Ғарб хоку наботот биёбонианд. Анд макони қаҳва, хина, какао, киноа ва дигар меваҳои тропикӣ буда, дар он ҷо ҳамчунин картошка, тамоку, ҷуворимакка, ҷавдор парвариш карда мешаванд.
Олами ҳайвонот
[вироиш | вироиши манбаъ]Анд олами ба худ хоси ҳайвонот дорад: намудҳои эндемии маймунҳои чангакдум, хирси «айнакдор», оҳуи пуду ва гаэмал, хоянда туко-туко, паранда кондор (то 7 ҳазор м баланд парвоз мекунад); лама, алпак (гӯшт ва пашмашро истифода мебаранд), гуанако, опоссумҳо (аз оилаи халтадорҳо), рӯбоҳи кабудтоб, саги магелланӣ ва ғайра. Дар ҷангалзорҳои тропикии Анд 1 700 намуд (33,6 % — эндемӣ) парандагон (махсусан хелҳои аҷоиби колибрӣ) мавҷуданд. Анд аз обхокиҳо (900 намуд), ширхӯрҳо (600 намуд, 13 % — эндемӣ) моҳӣ (400 намуд, 34,5 % — эндемӣ) бой аст. Ба намудҳои нодиру эндемии вашақ, чомгӣ ва парандаи ҳуштаккаше, ки танҳо назди кӯли Титикака вомехӯрад, хатари нобудшавӣ таҳдид дорад.
Экология
[вироиш | вироиши манбаъ]Яке аз масоили экологии Анд кам шудани ҷангалзор (махсусан ҷангалҳои тропикӣ)-и Колумбия мебошад, ки ҷояшро плантатсияҳои қаҳва, хина ва рустаниҳои каучукдор ишғол мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анд // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.