Анестезиология
Анестезиология (юн.-қад. ἀν- — ҳиссачаи инкорӣ, αἴσθησις — ҳассосӣ ва λόγος — омӯзиш) — як фасли тибби амалист, ки масъалаҳои рафъи дард ва идора кардани фаъолияти ҳаётан муҳими организм (нафаскашӣ, гардиши хун, мубодилаи моддаҳо ва ғайра)-ро таҳия месозад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъзе усулҳои одии анестезиология аз замонҳои қадим маълуманд, масалан, табибони халқӣ бо мақсади беҳис гардондан аз маводи мухаддир, шароб, тарёк ва ғайра истифода мебурданд. Усулҳои асосии рафъи дард, наркоз ва карахтсозии ҷузъӣ садаи XIX кашф шуда, минбаъд тараққӣ ва такмил ёфтанд. Анестезиология чун илм аз солҳои 50 садаи XX ба вуҷуд омадааст. Дар ин муддат усулҳои нави рафъи дард кашф шуданд, асбобу олоти наркоздиҳӣ таҳия гаштанд, ки фаъолияти ҳаётан муҳими организмро назорат карда, ихтилоли онҳоро саривақт пешгирӣ менамоянд; доруҳои нав ҳосил карда шуданд. Ҳамаи ин боиси костани хавфи амалиёти ҷарроҳӣ гашта, баҳри ҷарроҳии дарозмуддати дил, шуш ва дигар узвҳо заминаи мусоид фароҳам оварданд. Анестезиология пайваста бо дастовардҳои физиология, фармакология, биохимия ва техника ривоҷ меёбад. Он ба ҷарроҳон имкон медиҳад, ки мураккабтарин амалиёти ҷарроҳиро бомуваффақият иҷро кунанд.
Дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Тоҷикистон анестезиология солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст. Сараввал ба масоили илмӣ ва амалии анестезиология ҷарроҳон машғул мешуданд. Минбаъд дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино тарбияи анестезиологҳо ба роҳ монда шуд. Дар аксар беморхонаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ шуъбаҳои анестезиологӣ ташкил ёфта, бо таҷҳизоти замонавӣ ва мутахассисон таъмин карда шуданд. Олимони ҷумҳурӣ дар ҳалли усулҳои анестезиологияи кӯдакон ва мубориза бо танқисии нафаскашӣ тадқиқоти амиқ гузарондаанд. Онҳо дар шароити баландкӯҳҳо тариқи ба кор бурдани карахтсозӣ ва ҷараёни онро омӯхта, дафъатан анестезиологияи баландкӯҳиро ривоҷ доданд. Саҳми анестезиологҳои тоҷик хоса дар бобати омӯзиши таъсири беҳиссозӣ ва амалиёти ҷарроҳӣ ба фаъолияти ҳаётан муҳими организми кӯдак ва саривақт ислоҳ кардани он, ба синну соли кӯдакон мувофиқ кардани доруҳои беҳиссозандаи этанол, сиклопропан, фторотан ва хлороформ, дарёфти аналгезияи бардавоми пас аз ҷарроҳӣ, омодагии пеш аз ҷарроҳӣ ва ҳифзи анестезиологии кӯдакони гирифтори нуқси рӯдаи ғафс ва ғайра назаррас мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боровкова Т. Ф., Гугушвили К. A., Анестезия в экстренной хирургии, М., 1997;
- Руководство по анестезиологии, М., 1997;
- Бутров A. В., Купирование опийного абстинентного синдрома антагонистами опиатов под общей анестезией, М., 2000.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анестезиология / А. Азизов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.