Jump to content

Гардиши хун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аниматсияи гардиши хуни исон дар давоми 20 сония.
Аниматсияи гардиши хуни исон дар давоми 20 сония.
Аниматсияи гардиши хуни

Гарди́ши хун — ҳаракати муттасили хун дар рагҳо. Гардиши хун фаъолияти андомгонро созгор ва мубодилаи моддаҳоро дар узву бофтаҳо мураттаб карда, ҳарорати баданро танзим менамояд. Хун бофтаҳоро бо оксиген, об, сафеда, карбогидратҳо, чарбу, моддаҳои минералӣ, глюкоза, аминокислотаҳо ва витаминҳо таъмин мекунад, аз бофтаҳо гази карбонат ва дигар маводди зарарноки мубодиларо рафъ месозад.

Сохтори гардиши хун

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гардиши хун кушода (дар аксари бемуҳраҳо ва хордадорҳои дараҷаи паст) ва сарбаста (дар баъзе бемуҳраҳо, ҳамаи муҳрадорон ва одам) мешавад. Дили моҳиҳо дудаҳлеза аст. Бо кашиши яке аз даҳлез (меъдача)­ҳо хун ба шоҳраг (аорта)­и шикам, рагҳои ғалсама, шоҳраги тахтапушт дохил шуда, сипас ба тамоми узву бофтаҳо тақсим мегардад. Дар обхокиҳо хун аз даҳлезҳои дил ба шоҳраг ворид шуда, аз он бевосита ба узву бофтаҳо меравад. Дар раванди рушди узвҳои нафас ва ташаккули шуш ғайр аз даври асосӣ, даврҳои калон ва хурди гардиши хун ба вуҷуд меоянд. Даври хурди гардиши хунро даври шушии гардиши хун низ меноманд. Дар парандаҳо ва ширхӯрон сохти гардиши хун яксон аст. Даври калони гардиши хун аз меъдачаи чапи дил сар шуда, ба воситаи шоҳраг ба тамоми шараён (артерия) ва мӯйраг (капилляр)­ ҳои узву бофтаҳо тақсим мешавад; аз он ҷо хун ба тавассути вариду варидчаҳо ба даҳлези рости дил бармегардад. Ҳаракати хун аз меъдачаи рости дил то шуш ва аз шуш то даҳлези чапи дил даври хурди гардиши хун ном дорад. Хун дар шуш аз гази карбонат озод гардида, гази оксигенро мегирад ва чун хуни шараёнӣ аввал ба дил, сипас ба воситаи даври калони гардиши хун ба тамоми бадан паҳн мешавад.

Маълумоти таърихӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тасаввурот дар бораи гардиши хуни ҳайвоноти олиташаккул тӯли 2 ҳазор соли охир тадриҷан рушд меёфт. Дар таҳқиқи гардиши хун саҳми духтури англис У. Ҳарвей калон аст. Ҳарвей солҳои 20 садаи XVII ҳаракати хун ва даврҳои гардиши онро кашф кард. Вале ӯ аз ҷиҳати анатомӣ алоқаманд будани варид ва шараёнро исбот карда натавонист. Соли 1661 олими англис М. Малпиги ва соли 1686 олими нидерландӣ А. Левенгук бо ёрии микроскоп мӯйрагҳо ва дар онҳо ҳаракат кардани хунро мушоҳида карданд.

Раванди танзими гардиши хун

[вироиш | вироиши манбаъ]
Нақшаи гардиши хуни одам
Нақшаи гардиши хуни одам

Кори дил манбаи асосии неруи гардиши хун мебошад. Як қисми неруи кинетикии он барои ҳаракати хун ва боқимондааш ба неруи потенсиалӣ табдил ёфта, барои кашишхӯрии девораи шараёнҳо ва созгории фишори хун сарф меГардиши хун 214 шавад. Ҳаракати хун дар варид, асосан, бо фаъолияти дил ва тағйирёбии пай дар пайи фишори синаву батн ба вуҷуд меояд. Дар гардиши хуни варидӣ даричаи варидҳо аҳамияти калон дорад. Даричаҳо барои ба варид баргаштани хун монеъ мешаванд. Гардиши хун тавассути василаҳои рефлексӣ ва хилтӣ, ки узву бофтаҳоро бо миқдори зарурии оксиген таъмин намуда, фишори хунро дар ҳолати муқаррарӣ нигоҳ медоранд, идора карда мешавад. Раванди танзими гардиши хун ба тағйироти тонуси шараёнҳои хурд (артериолаҳо) ва фишори дил алоқаманд аст. Тонуси шараёнҳои хурдро маркази муҳаррики рагҳо, ки дар майнаи дарозрӯя воқеъ аст, фаъолияти маркази муҳаррики рагҳоро сигналҳое, ки аз бароретсепторҳо ва механоретсепторҳои рагҳо меоянд, идора мекунанд. Умуман, силсилаи гардиши хун бо қоидаи робитаи баръакс амал мекунад. Ғайр аз василаҳои марказии танзими гардиши хун ҳамчунин василаҳои канори (масалан, тағйирёбии «тонуси қабати асосии» девораи рагҳо)­и он, ки фишори мусоиди дилу рагҳоро таъмин менамоянд, вуҷуд доранд. Дар танзими умумиву ҷузъии гардиши хун аҳаммияти моддаҳои фаъоли биологӣ (адреналин, ренин, вазопрессин, серотонин ва ғайра) калон аст.

Нақшаи гардиши хуни одам: 1 – мӯйрагҳои сар, қисми болои бадан ва андомҳои болоӣ (даст); 2 – бахши бозуӣ-сарӣ; 3 – шараёни шуш; 4 – варидҳои шуши чап; 5 – даҳлези чапи дил; 6 – меъдачаи чапи

дил; 7 – шараёни батн; 8 – шараёни чапи меъда; 9 – мӯйрагҳои меъда; 10 – шараёни сипурз; 11 – мӯйрагҳои сипурз; 12 – қисми батнии шоҳраг; 13 – вариди сипурз; 14 – шараёни масориқа (чарбпарда); 15 – мӯйрагҳои рӯда; 16 – мӯйрагҳои қисми поёни бадан ва андомҳои поёнӣ (пойҳо); 17 – вариди масориқа; 18 – вариди тиҳии поён; 19 – шараёни ҷигар; 20 – мӯйрагҳои гурда; 21 – вариди гурда; 22 – вариди боб (даромадгоҳ)-и ҷигар; 23 – мӯйрагҳои ҷигар; 24 – варидҳои ҷигар; 25 – маҷрои сина; 26 – шараёни умумии ҷигар; 27 – меъдачаи рости дил; 28 – даҳлези рости дил; 29 – қисми болорави шоҳраг; 30 – вариди тиҳии болоӣ; 31 – варидҳои шуши рост; 32 – мӯйрагҳои шуш.

Ихтилоли гардиши хун

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ихтилоли гардиши хун ҷузъӣ ва умумӣ мешавад. Ихтилоли ҷузъии гардиши хун бо пурхунии шараёну варид ё камхунӣ падид меояд. Сабабҳои асосии ихтилоли ҷузъии гардиши хун ноҷӯрии кори асабҳо, тромбоз, эмболия, атеросклероз, инчунин таъсири омилҳои берунӣ мебошанд. Ихтилоли умумии гардиши хун дар натиҷаи иллати дил ва рагҳо сар мезанад. Ҳангоми ноҷӯрии хунгардиши марбут ба иллати дил рукуди варидӣ рух медиҳад, зеро дил хунро ба шараёнҳо нисбатан камтар равон месозад. Сабаби ноҷӯрии хунгардиш дар рагҳо паст шудани фишори варидӣ ва шараёнӣ аст, яъне, хуни варидӣ ба дил ба таври кофӣ ворид намешавад. Сабаби чунин ноҷӯрӣ бисёр вақтҳо бемориҳои дил мебошанд, мас., сактаи дил, миокардитҳо, бемории гипертония, нақси дил ва ғ. Бо мақсади рафъи ихтилоли гардиши хун бемории асосиро муолиҷа кардан лозим аст.

Тавсифи маҷрои рагҳо ва ҳаракати хун дар бахшҳои гуногуни силсилаи дилу рагҳо

Шоҳраг

(аорта)

Шараёнҳои хурд

(артериолаҳо)

Мӯйрагҳо

(капиллярҳо)

Варидҳои хурд

(венулаҳо)

Варидҳо

(болоӣ ва

поёнии тиҳӣ)

Қутри раг 2,5 см 30 мкм 8 мкм 20 мкм 3 см­-ӣ
Маҷро,см2 4,5 400 4500 700 10
Суръати

ҳаракати хун

120–0

см/сон.

4 мм/сон 0,5 мм/сон. 20 см/сон
Фишори хун,

мм сут. симобӣ

120/70 70–30 30–15 15–0
Ҳаҷми хун дар бахши

мазкури маҷрои раг

(бо % аз ҳаҷми умумии хун)*

10** 5 5 Ҳамаи варидҳои

даври калони

гардиши хун 50

* Ҳаҷми хун дар ҷавфҳои дил – 15%; ҳаҷми хун дар рагҳои даври хурди хунгардиш – 18%.

**Бо дарназар доштани шараёнҳои даври калони хунгардиш.

  • Уиггерс К. Динамика кровообращения. М., 1957;
  • Савицкий Н. Н. Биофизические основы кровообращения и клинические методы изучения гемодинамики. Л., 1963;
  • Лищук В. А. Математическая теория кровообращения. М., 1991;
  • Малахов Г. Здоровье сердце, чистые сосуды. СПб., 2008;
  • Суслина З. А. ва дигарон. Антитромботическая терапия ишемических нарушений мозгового кровообращения. М., 2009.