Анзоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ағбаи Анзоб дар қаторкуҳи Ҳисор

Анзоб, Ағбаи Анзоб — ағба дар қаторкӯҳи Ҳисор. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3372 м. То ба истифода додани нақби «Истиқлол» аз ағба роҳи ягонаи мошингарди Душанбе — Хуҷанд, Душанбе — Айнӣ — Панҷакент — Самарқанд мегузашт, ки аз охирҳои май то аввалҳои ноябр фаъолият дошт. Ҳоло ин роҳ аз нақби «Истиқлол», ки дар Анзоб канда шудааст, мегузарад. Дар ағба аз соли 1932 инҷониб истгоҳи обу ҳавосанҷии «Анзоб» кор мекунад. Аз ағбаи Анзоб хати интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб — Шимол» мегузарад.

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]