Нақби Истиқлол
Кишвар | |
---|---|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Нақби Истиқлол, нақби Анзоб — туннели автомобилгард дар роҳи байни Душанбеву Хуҷанд, ки беш аз 5 километр дарозӣ дорад, дар 80 километрии шимоли Душанбе ҷойгир аст.
Сохтмон
[вироиш | вироиши манбаъ]Нақшаи сохтмони нақби автомобилгарди ағбаи Анзоб дар даврони шӯравӣ кашида шуда буд. Солҳои 1982—1991 ҳамагӣ 317 метри нақб канда шуд.
Роҳи автомобилгарди ағбаи Анзоб (дар роҳи Душанбе — Хуҷанд) дар масофаи 80 км дуртар аз шаҳри Душанбе дар баландии 3372 метр ноҳияқои Варзоб ва Айнӣ мепайвандад ва дар қаторкӯҳи Ҳисор ҷойгир аст. Мушкилии фасли зимистон намегузошт, ки (5 — 6 моҳ ағбаи Анзоб пушида буд) мусофирон ба воситаи ин роҳ рафту омад намоянд. Дарозии нақб — 5040 м
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Сохтмони нақби «Истиқлол» (собиқ туннели Анзоб) соли 1998 бо кумаки молиявии Эрон сар шуд. Дарозии нақби «Истиқлол» 5040 метрро ташкил медиҳад.[1] Сохтмони он аз ду ҷониб — шимол ва ҷануб сар шуда дар арафаи иди Наврӯз марти соли 2006 ба охир расидааст. Соли 2003 Эрон ва Тоҷикистон дар бораи сохтмони нақби «Истиклол» созишнома ба имзо расониданд.
- Ҳаҷми маблағгузорӣ — $39 млн. аз ҷумла $10 млн. — ёрдами гранти Эрон, $7,8 млн. — маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон ва $21,2 млн. — қарзи (кӯмаки молиявӣ) Эрон.[2].
Нақби «Истиқлол» имконият фароҳам овард, ки равобити байни вилояти Суғд ба воситаи Роҳи автомобилгарди Душанбе—Хуҷанд—Чаноқ бо ноҳияҳои марказу ҷануби Тоҷикистон соли дароз таъмин карда шавад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Российско-Китайское торгово-экономическое сотрудничество. 17 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 Январ 2014.
- ↑ http://news.tj/ru/node/211081 Бойгонӣ шудааст 11 октябри 2017 сол. Премьер Таджикистана ознакомился с ходом достройки тоннеля «Истиклол»]
- ↑ Сегодня утром президенты Ирана и Таджикистана ввели в эксплуатацию Анзобский туннель