Jump to content

Анзоб (навъи ангур)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Анзоб — навъе аз ангурҳои миёнапазаки мавизбоби маҳаллӣ.

Ходимони Институти тадқиқоти илмии зироат Савченко А. Д. ва Кирилов И. Ф. дар натиҷаи пайванд кардани навъҳои ангури Катақӯрғонӣ ва Мускати искандарӣ ба навъи Султонӣ (Ҷавзи сафед) офаридаанд. Анзоб ба шароити иқлими ноҳияҳои водии Ҳисор ва Вахш мутобиқ гардонда шудааст. Токаш сернавдаву барг; навдаҳои наврустааш сафедча, навдаҳои яксолааш сафеди зардча буда, буғумҳояш тобиши дорчинӣ доранд. Баргаш калон, гирдаи 5-парра, тӯр-тӯр, канорҳояш қатшуда. Гулаш дуҷинса. Хӯшааш калон (вазнаш 836 г), махрутшакл, зичиаш миёна. Ғужбаш калон (вазни миёнааш 6,5 — 7 г), байзашакл, зарди сабзтоб (тарафи офтобрасаш доғҳои дорчинӣ дорад), сергӯшту сероб ва ширин; 2 — 4 дона тухми миёнаҳаҷми сеқирра (рангаш дорчинӣ) дорад. Ғужмаш сахт, ғафсиаш миёна. Дар таркиби меваи пухтааш 16,5 — 18,6 % қанд ва 3,5 — 5,2 г/л ҷавҳар мавҷуд аст. Токаш ба сармо тоб надорад. Қаламчаҳои анзобро аз рӯи тартиби 3 × 2 — 2,5 м мешинонанд. Тақрибан 70 фоизи навдаҳояш самаровар аст. Ҳангоми токбурӣ 8 — 12 чашмак монда, навдаҳои зиёдатиашро бурида мепартоянд. Ба ҳисоби миёна дар ҳар бехи ток 100—120 чашмак мегузоранд. Даври нашваш 140—150 рӯз (барои нашъунамои хуби он маҷмӯи ҳарор. фаъол бояд 3100 — 3300°С бошад). Дар шароити водии Ҳисор охири май гул карда, охири июл (то сентябр) мепазад. Дар заминҳои обӣ аз ҳар га андаряк 263 сентнер ҳосил мегиранд. Дар заминҳои лалмии таҷрибавии хоҷагии боғу токдории «Чормағзак»-и шаҳри Ваҳдат (дар баландии 1250 м аз сатҳи баҳр) ба ҳисоби миёна аз ҳар га 90 сентнер ҳосил рӯёндаанд. Анзобро тар мехӯранд, мавиз мекунанд (аз ҳаҷми тараш 21 % мавизи офтобӣ ҳосил мешавад) ва аз он мураббо мепазанд. Парвариши анзоб дар Осиёи Марказӣ пешомади калон дорад. Аз касалиҳои қарасон, ҷел ва баргпечаки хӯшаи ток чандон зарар намебинад.

  • Ампелография СССР. Отечественные сорта винограда, М., 1984;
  • Энциклопедия виноградарства, Кишинёв, 1986.